ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020: омодагиҳо ба ин маъракаи сиёсӣ чӣ тавр ба роҳ монда шудаанд? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Раиси КМИР Абдуҷаббор Қодирзода ҳамсуҳбат шуд

Сентябрь 23, 2020 08:05

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъйин шудааст, дар ҳаёти сиёсии мамлакат аҳамияти хосса дорад. Дар робита ба ин имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ доир намудани  маъракаи интихоботӣ корҳои омодагӣ бомаром ҷараён доранд. Мухбири АМИТ «Ховар» София ШОИК дар ин бора  бо муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор ҚОДИРЗОДА  ҳамсуҳбат шуд.  

 АМИТ «Ховар»:  — Муҳтарам Абдуҷаббор Қодирзода, дар пеш интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст, мехостем моҳияти ин маъракаи муҳими сиёсиро шарҳ диҳед.

Абдуҷаббор Қодирзода:  — Дар фарҳанги давлатдории мо интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун анъанаи мардумсолорӣ шакл гирифта, нишонаи рушди демократия дар мамлакат мебошад.

Интихобот, ки унсури асосӣ ва зарурии сиёсат аст, дар рушди бемайлони ҷомеа нақш ва мақоми барҷаста дорад. Он ҳамчун раванди сиёсии ҷомеа баҳри ташаккули ниҳоди ҳокимияти давлатӣ – институти президентӣ аҳамияти хосса дорад.

Барои ноил гардидан ба ин мақсад боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа бо роҳи ташвиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарур мебошад.

АМИТ «Ховар»:Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар ташкил ва баргузор намудани интихобот таҷрибаи хуб дорад. Доир ба корҳои то имрӯз анҷомдодаи Комиссияи марказӣ чӣ гуфта метавонед?

Абдуҷаббор Қодирзода: — Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз самтҳои фаъолияти он ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт бо қарори Комиссияи марказии интихобот аз 7 августи соли 2020 Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Тибқи Нақшаи мазкур, дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ тасдиқ  ва дар нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» чоп  карда шудааст. Ин маълумот дар сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҷой низ дода шудааст ва интихобкунандагон аз он истифода карда истодаанд.

Дар навбати худ, дар асоси пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо шумораи дахлдор участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шудаанд. Аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот бо маводи иттилоотӣ, аз ҷумла «Дастурамали комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастурамали комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мавод, дар маҷмӯъ зиёда аз 20 номгӯй таъмин карда шудаанд.  Ғайр аз ин, аъзо ва коршиносони Комиссия ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар гардида, бо аъзои комиссияҳои интихоботӣ машғулияти омӯзишӣ гузарониданд.

Бо ҳамаи интихобкунандагон дар ҷойи кор ва маҳалли зист барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиянамудаи Комиссия вохӯрию суҳбатҳо баргузор шуда истодаанд.

АМИТ «Ховар»:Пешбарии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Оид ба риояи қонунгузорӣ аз ҷониби субъектҳои дорои ҳуқуқи пешбарӣ чӣ андеша доред?

Абдуҷаббор Қодирзода: — Мувофиқи моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, инчунин Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияи онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд.

Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари овози шумораи умумии вакилони анҷуман ё конференсияи ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Бояд зикр кард, ки Ҳизби Аграрии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2020, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2020, Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз 23 августи соли 2020, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2020, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 3 сентябри соли 2020 ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2020 бо риояи талаботи қонуни дар боло зикршуда дар анҷуманҳои худ бо аксари овози шумораи умумии вакилони анҷуман номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбарӣ намуданд. Инчунин номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар конференсияҳои онҳо бо аксари овози шумораи умумии вакилони иштирокдошта пешниҳод гардид. Қарор ва санадҳои дахлдори  анҷуманҳо ва конференсияҳо зикргардида   ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Айни ҳол дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, маъракаи мулоқоту суҳбатҳои номзадҳо бо интихобкунандагон идома дорад.

АМИТ «Ховар»:Барои таъмини овоздиҳии шаҳрвандон дар хориҷи мамлакат чӣ  тадбирҳо андешида шудаанд?

Абдуҷаббор Қодирзода: — Мувофиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 29 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихобот ташкил карда шудааст, ки вазифаи раиси комиссияи участкавиро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд.

АМИТ «Ховар»:Ташкили фаъолияти иттилоотӣ бо интихобкунандагон самти муҳими фаъолияти Комиссияи марказӣ ва комиссияҳои поёнии интихоботӣ мебошад, ки ба болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии интихобкунандагон таъсири бевосита мерасонад. Дар ин самт Комиссия чӣ корҳо ба анҷом расонида истодааст?

Абдуҷаббор Қодирзода: — Бо мақсади боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонь  бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ, вазорату идораҳо, шахсони дорои имконияти маҳдуд, ҷавонону занон ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо аҳолӣ бевосита дар ҷойҳо мулоқоту суҳбатҳо идома доранд. Дар айни замон тавассути телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ силсилабарномаҳо оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он аъзо, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони соҳаи ҳуқуқ ва сиёсатшиносон сухан мегӯянд. Инчунин як қатор мақолаҳо дар мавзӯъҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овозӣ» ва АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расида, баромадҳо ва нашри мақолаҳои дигар идома доранд.

АМИТ «Ховар»:Вазъияти кунунӣ вобаста ба пандемияи коронавирус, ки мушкили глобалӣ ба ҳисоб меравад, андешидани тадбирҳои иловагиро баҳри таъмини саломатии шаҳрвандон тақозо менамояд. Вобаста ба ин масъала Комиссияи марказӣ чӣ гуна тасмимҳо рӯйи даст дорад?

Абдуҷаббор Қодирзода: — Масъалаҳои андешидани тадбирҳои иловагиро баҳри таъмини саломатии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бемории COVID–19 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Новобаста аз ин, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои комиссияҳои интихоботӣ дастур дода шудааст, ки барои сироят наёфтани одамон аз бемории COVID–19 тадбир андешида, участкаҳои интихоботиро ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ намоянд.

АМИТ «Ховар»:Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, иштироки мушоҳидони байналмилалӣ дар назар ҳаст ё не? 

Абдуҷаббор Қодирзода: — Албатта, иштироки мушоҳидони байналмилалӣ барои шаффоф ва ошкоро гузаронидани интихобот ва риояи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, даъвати мушоҳидони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, дар назар дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки даъватнома оид ба иштироки мушоҳидони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъйини рӯзи интихобот ба давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.

Мушоҳидони байналмилалӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани даъватнома бо тартиби муқарраргардида аккредитатсия карда мешаванд. Ба мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи шакли муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Сентябрь 23, 2020 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода