ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШИНОХТИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳои сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2020 09:18

ДУШАНБЕ, 09.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибдавлат ва тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти таърихии худ андешаи истиқлолхоҳӣ доштанд, зидди тохтутозҳои бегонагон ва носозгориҳои бешумори замон мубориза бурда, ваҳдат ва арзишҳои зиндагии худро ҳифз карда, ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштанд, тазаккур дод сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дилшоди ҶАМШЕД дар суҳбат бо АМИТ «Ховар».

Ба андешаи мавсуф, Истиқлолият заминасози рушду такомул, пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагӣ, иззату обрӯ, шарафу номус ва ҷаҳду талошу ҷоннисории фарзандони некноми миллат аст, ки ба омили асосии ҳифзи ғурур, бедории миллӣ, шинохти ҳувият ва мояи ифтихори ҳар фарди мамлакат табдил ёфтааст.

«Намунаи муосиру олии ифодаёфтаи ҳувияту истиқлолу озодихоҳии тоҷикон дар марҳилаи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар муҳтавои фаъолияти ватанпарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст, — таъкид намуд ҳамсуҳбати агентӣ ва тазаккур дод, ки сарҷамъкунии тоҷикон, поён додан ба парокандагиву парешониҳо, музокирот, оштӣ додани тарафҳои даргир ва барқарор намудани сулҳи фарогиру устувор худ равшантарин намунаи ҳувияти миллист».

Дар идома ӯ ёдовар шуд, ки пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ҷангу даргирӣ хотима ёфт, аммо зарбаҳои шадиди равонӣ дар зеҳну шуури баъзе аз афроди миллат боқӣ монда буд. Бо вуҷуди фишорҳои ҳазорсола ва фармонравоии қавмҳои бегона, махсусан мавриди ҳуҷуми фарҳангӣ, мазҳабӣ ва равонӣ қарор гирифтани мардумони ин сарзамин ҷанги таҳмилӣ низ ҳувияти миллатро сахт осебпазир намуд.

Тавре Д. Ҷамшед зикр намуд, дар чунин шароит Пешвои миллат бо шинохти дақиқи вазъи равонию иттилоотии минтақа ва бо дарки дурусти ниёзҳои маънавии миллати хеш якчанд иқдомҳоро ташаббус намуданд, то миллатро аз назари маънавӣ эҳё кунад ва ӯро ба асли худ бозгардонад.

«Бинобар ин, соли 1999 ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён таҷлил гардид. Ин ба он хотир буд, ки миллат гузаштаи худро ба ёд орад ва ғурури таърихии худро бозёбад ва ин рӯҳияро дар худ тақвият бахшад, ки мо як миллати бедавлату бетамаддун набудем ва нестем. Сипас, таҷлили якчанд ҷашнҳои бузург паиҳам рӯи даст гирифта шуд. Аз ҷумла, таҷлил намудани “Соли тамаддуни Ориёӣ”, “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”, “Соли бузургдошти Имоми Аъзам”, “2700-солагии Кӯлоб”, “2500-солагии Истаравшан”, “100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров”, “110-солагии шоир Саидалӣ Вализода”, “130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ”, “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ”, “Соли оила”, “Соли ҷавонон”, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”, инчунин ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид намудан ва ҷашн гирифтани “1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “100-солагии Қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Турсунзода”, “600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ”, “3000-солагии Ҳисор”, “700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”, ба Феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидан ва мақоми байналмилалӣ гирифтани “Наврӯзи Аҷам” ва ба рӯйхати муҷассамаҳои Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани “Саразм” ҳамчун аввалин ёдгории таърихии Тоҷикистон, ки ҳар кадом бо тарҳу барномаи хос, баргузории чандин нишасту ҳамоишҳо, чопи теъдоди зиёди китобу рисолаву мақолаҳо, таҳияи барномаҳои радиоиву телевизионӣ амалӣ карда шуданд, ки дар муаррифии фарҳанги бумӣ ва мазҳаби аҷдодии мо нақши калидӣ гузошта, миллатро аз назари маънавӣ ғанӣ сохта, омили муҳим барои пешгирӣ аз гаравиш ба фарҳангу мазҳабҳои бегона ва марҳилаи нави тақвияти худшиносии миллӣ гардиданд», — илова намуд ӯ.

Дар идома ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва умуман бақои миллат, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ хеле зарур аст. Зеро ҷавоне, ки ҳувияти миллӣ дорад, манфиати миллиро дар ҳама ҳолат ҳифз мекунад ва арзишҳои миллиро болотар аз ҳама гуна арзишҳо мегузорад, пас бо андешаи миллии солиму созанда ва мафкураи қавӣ миллату давлат ва муқаддасоти онро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва равандҳои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта, сипари боэътимод дар муқобили гаравишҳои ифротӣ мегардад.

«Ва иқдоми дигаре, ки дар ин самт муҳим аст, пайваста боло бурдани огоҳӣ ва ҳушёрии сиёсии мардум мебошад. Дар чунин замони мураккаб маҳз фарди огоҳ ва худшинос метавонад аҳамияти Истиқлолият ва ваҳдату суботро дуруст дарк ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд, — баён дошт Д. Ҷамшед ва дар ин росто, тазаккур дод, ки мо — наслҳои имрӯзро зарур аст, бо саҳмгузорӣ дар ободии Ватан масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифта, истиқлолият ва якпорчагии мамлакатамонро бо ҳамдилию муттаҳидии халқ зери парчами Ваҳдати миллӣ ҷовидона ҳифз созем».

Сентябрь 9, 2020 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин