Котибони Шӯрои амнияти СҲШ масъалаи таъмини амният ва субот дар минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд

Сентябрь 15, 2020 15:42

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи 15-уми котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар рафти он Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насруллоҳ Маҳмудзода  суханронӣ намуда, аз  нақш ва мақоми  Тоҷикистон дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ  ва таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи СҲШ ёдовар шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар  ҷаласа масъалаҳои марбут ба таъмини амният ва субот дар минтақа, тадбирҳои таҳкими  ҳамгироӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин  ҷиноятҳои муташаккили  фаромиллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба вазъияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар давраи  паҳншавии  бемори сироятии COVID-19 ибрози ақида намуда, барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷрибаи якдигарро зарур шумориданд.

Дар идомаи ҷаласаи  котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ баррасӣ шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар ҳалли бисёр  масъалаҳо ва мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ  ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шуда, дар мубориза ба тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир нақш ва мавқеи ягона дорад.

Дар рафти баргузории ҷаласа таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти бештари  ҳамгироӣ бо кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳавасманд буда, дар ин самт дар доираи сиёсати дарҳои боз пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сентябрь 15, 2020 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад