Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо сокинони ноҳияи Кӯшониён мулоқот намуд

Сентябрь 19, 2020 11:12

ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо сокинони маҳаллӣ мулоқот доир гардид.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба пешгирӣ аз амалҳои  номатлуб дар ҷомеа, нишон додани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, тақвият додани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини волоияти қонун ва масоили дигари мубрам мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ,  мақомоти прокуратура, роҳбарони ташкилоти вилоятӣ ва фаъолони ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд.

Сентябрь 19, 2020 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад