«Ҳосил-2020». Дар вилояти Суғд барои ҷамъоварии пахта ситоди махсус фаъолият мекунад

Сентябрь 19, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоят бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ Ситоди махсуси вилоятии «Ҳосил-2020» фаъолият мекунад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Тибқи нақшаи Ситоди вилоятии «Ҳосил-2020», ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат мегирад. Давраҳои минбаъдаи он ҳар 20-рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят парчами шараф барафрохта мешавад.

Ба ҳайати ситоди вилоятӣ масъулини ниҳодҳои марбута шомил буда,​ раисони ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардидаанд, ки барои ғунучини беталафи ҳосил тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил карда шаванд.

Сентябрь 19, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид