ПАХТА ДАР САҲРО ШУКУФТА… Ҷамъоварии ҳосил дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 02.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Калонтарин хоҷагиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ — хоҷагиҳои тухмипарварии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов, Сафар Ҷумъаев ва Тӯрахон Эсанқулов ҳамчун пешсафони истеҳсолот ба ҷамъоварии пахта оғоз намуда, имрӯзҳо дар майдонҳои ин хоҷагиҳо садҳо нафар чинакчиён саргарми кор мебошанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори Шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» Абдурозиқ Азизов.
Имсол дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 9874 гектар кишти пумбадона гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 584 гектар зиёд мебошад. Танҳо дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов қитъаҳои пахтазор 980 гектарро ташкил медиҳанд. Кишоварзон вобаста ба интихоби дурусти тухмӣ, риояи босифати агротехникаи парвариш ва ҳосилнокии имрӯзаи пахтазор ният доранд, ки иҷрои дурнамои истеҳсолиро бо сарбаландӣ таъмин менамоянд.
Ба иттилои Баҳодур Назаров, муовини роҳбари хаҷагии тухмипарварии ба номи Сафар Ҷумъаев, майдони умумии кишти хоҷагӣ 1974 гектарро ташкил дода, аз он дар масоҳати 1300 гектар навъҳои ба иқлими минтақа мутобиқи ватаниву хориҷии пумбадона бо усулҳои анъанавӣ ва чиннӣ, тариқи обёрии қатрагӣ парвариш карда шудаанд. Имрӯзҳо дар қитъаҳои бо усули чиннӣ парваришгардидаи пахтазор бо иштироки садҳо нафар саҳмдорон маъракаи ҷамъоварии ҳосил идома дошта дар чиниши аввал аз ҳар гектар мутаносибан 30 сентнер пахта ба даст оварда истодаанд.
Аъзоёни хоҷагии деҳқонии ба номи Тӯрахон Эсанқулов низ ба ғунучини маҳсули заҳмати хеш оғоз бахшида, бо назардошти фаровонии ҳосил дар саҳро умед доранд, ки баробари таъмини ӯҳдадории истеҳсолии хоҷагӣ, ҳамзамон дар оростани хирмани бошукӯҳи ноҳия ҳиссагузорӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, имсол дурнамои истеҳсолӣ 22 ҳазору 118 тонна пешбинӣ шудааст, ки ба ҳар гектар пахтазор 22,6 сентнерӣ рост меояд.
Аз ҷониби масъулин баҳри саривақту бе талаф ҷамъовари кардани ҳосил ва иҷроиши ӯҳдадории истеҳсолӣ шароитҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳавасмандгардонии муносиби чинакчиён дар мадӣ назар мебошад.








Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд






