«САФИНА» 15-СОЛА ШУД. Пешвои миллат оғози фаъолияти шабакаи нави телевизиониро марҳилаи нави рушди фарҳанг унвон карда буданд

Сентябрь 2, 2020 11:43

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябри соли 2005 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаи Телевизиони «Сафина» ба фаъолият оғоз намуд. Инак Телевизиони «Сафина» понздаҳ сол мешавад, ки дар фазои иттилоотӣ фаъолият намуда, бо барномаҳои ҷолибаш дар қалби тамошобинони дохилу хориҷи мамлакат маскан гирифтааст. Барномаҳои ин шабакаи телевизионӣ, ки асосан фарҳангию фароғатӣ  мебошанд, барои таблиғи фарҳанги  миллии тоҷикон, татбиқи ҳадафҳои давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи фарҳанг  хизмати сазовор мекунанд.  Пешвои миллат  оғози фаъолияти шабакаи нави телевизиониро дар мамлакат марҳилаи нави рушди фарҳанг унвон карда, ҳамаи эҷодкоронро барои ҳамкорӣ бо ин шабакаи навтаъсис даъват намуда буданд.

Имрӯз ба ифтихори 15-умин солгарди таъсиёбии Телевизиони «Сафина» Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид як қатор кормандони шабакаро бо нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радио», ифтихорнома ва сипосномаи Кумита  арфароз гардонд.

Дар робита ба ин санаи фархунда директори Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  чунин ибрози назар намуд:

-Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина»  муаррифи давлати соҳибистиқлоли мамлакат буда, бо оғози пахши барномаҳои он саҳифаи фаромӯшнашавандаи ҳаёти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз мегардад ва дар китоби таърихи давлати соҳибистиқлоли мо бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт мегардад.

Аввалин барномаи шоуи телевизионӣ, ки дар оғози рӯзи аавали шабака пашхш гардид, ин барномаи «Истиқбол аз истиқлол» буд, ки дар он зиёиён Меҳмон Бахтӣ, Аслиддин Низомов, Мамадшо Илолов, Мӯсо Диноршоев, Абдуқодир Маниёзов, Худоназар Асозода, Зулфия Атоӣ, Абдулҳамид Самадов, Камол Насрулло, Вафо Назаров, Асадулло Саъдуллоев, Пайванди Гулмурод, Гулназар Келдӣ, Ҷонибек Акобиров,  Сабзаалӣ Шарифов, Толиб Шаҳидӣ иштирок намуда, дар барнома бо изҳори хушнудӣ аз таъсиси шабакаи нави фарҳангӣ оид ба дастовардҳои аҳли зиё дар даврони истиқлолияти давлатӣ суҳбатҳои ҷолиб намуданд.

16 апрели соли 2005 дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор гардид, ки «бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва завқи бадеии мардуми кишварамон вақти он расидааст, ки Ҳукумат ва Кумитаи телевизион ва радио масъалаи таъсиси шабакаи махсуси фарҳангиро ҳамчун барномаи дуюми телевизиони марказӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳанд».

Воқеан, ҳарчанд  соли 14-уми Истиқлолияти давлатӣ оғоз ёфта буд, вале ҳамоно дар фазои иттилоотии мамлакат фақат як шабакаи телевизионӣ амал мекарду халос. Табиист, ки барои баровардани ниёзҳои мардум, аз ҷумла ба таъсиси шабакаи нави фарҳангӣ эҳтиёҷ зиёд буд. Вале амалӣ намудани ин кор осон набуд.

Вақте сухан дар мавриди таъсиси телевизиони нав меравад, муқоисаи ду далели таърихӣ ҷолиби диққат аст. Моҳи декабри соли 1986 Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре қабул менамояд, ки мутобиқи он бояд давоми чор сол- то моҳи декабри соли 1990 дар се вилояти ҷумҳурӣ студияҳои телевизионӣ ба фаъолият оғоз кунанд. Ҳанӯз Иттиҳоди абарқудрати шӯравӣ пойбарҷост, робитаҳои байни ҷумҳуриҳо хубанд ва мушкилоте мавҷуд нест. Ин аст, ки мутобиқи қарори мазкур ба ҳар як вилоят дар ҳудуди 5 миллион сӯм маблағ ҷудо мешавад. Аммо танҳо 15 декабри соли 1990 як студияи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд ба пахши барномаҳо оғоз мекунаду халос. Барои насби таҷҳизоти техникӣ ва ба таҳияи барномаҳо шурӯъ намудани он низ 1 солу 7 моҳ лозим омад.

Аммо бо талошҳои пайгирона ва маҳорату кордонии кормандони  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои навсозӣ ва таҷҳизонидани техника дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар тӯли панҷ моҳ ба субут расонида шуданд. Омили муҳим дар ин бахш сарҷамъии кормандон ва мусоидати роҳбарияти Кумита барои оғози фаъолияти шабакаи нави телевизионӣ буд. Нақшаҳо тарҳрезӣ ва кори амалӣ оғоз шуд.

Дар муддати аввал ин шабака то 40 фоизи қадамрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад. Сониян мавҷи онро то 60 фоизи аҳолӣ қабул мекунанд. Аз моҳи январи соли 2006 тавассути моҳвора ин шабакаро на танҳо дар хориҷаи наздик, балки дар кишварҳои дур, ба монанди Аврупову Осиё низ тамошо карда метавонанд.

«Сафина» имрӯз минбаре гардидааст, ки дар он барномаҳои диданӣ дар жанрҳои гуногуни журналистӣ пешниҳод мешаванд ва ҳаводорони зиёде низ доранд.

Агар дар силсилаи барномаҳои гуфтугӯии «Биёед, бигӯем» муҳимтарин проблемаҳои ҳаёти фарҳангии мамлакат рӯшод изҳор мегардид, дар барномаи  «Нози хаёл»  суҳбатҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод мешуданд. Барномаҳои «Нигоҳи дигар», «Чашми рӯз», «Сафо», «Шабчароғ», «Дар меҳмонии Сафина», «Шаҳди садо» ва даҳҳо барномаи дигар фазои рақобати солимро таъмин карда тавонистанд.

Тарзи пешниҳоди барномаи субҳонаи шабакаи навтаъсис низ дигаргуна буд ва ба зудӣ машҳур шуд. Нигина Муъминова, Фирӯзаи Саид, Холмаҳмад Мавлонов, Орзу Исоев, Зевар Давлатова, Раҳматулло Камолов аз зумраи аввалин муаллифону муҳаррирони барномаҳои телевизионӣ буданд.

Телевизиони «Сафина»  аз ҷиҳати ороиши барномаҳо, дизайни студия ва банду басти барномасозӣ фарқ мекард ва дар ин ҷода заҳмати коргардонҳои он Носир Саидов, Маъруф Оқилов, Фируз Бахтибеков, Ҷамшед Шоев, Музаффар Раҳматов  ва дигарон хотирмон мебошад.

Имрӯз низ барномаҳои телевизионии «Муждаи эҷод», «Пайроҳа», «Қадамҷо», «Соя», «Вожазори маънӣ», «Шоми ғазал», «Дар ин замона», «Хатсайр», «Замзамаи меҳр», «Толори оинаҳо», «Асолат», «Шитоб», «Ҷаҳонзеб» ва даҳҳо лоиҳаҳои ҷолиби телевизионӣ аз ғановати бузурги кӯлвори эҷодии кормандони ТВ «Сафина»  гувоҳӣ медиҳанд.

Инак, 15 сол мешавад, ки телевизиони «Сафина»  меҳмони хонадони тоҷикистониён ва тоҷикони хориҷи мамлакат аст. Иқдоми наҷиби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таъсиси шабакаи фарҳангиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои рушду нумӯи он сохторҳои марбутаро муваззаф намуданд, имконият фароҳам овард, ки фаъолияти муназзами шабакаи нави телевизионӣ таъмин гардад. Телевизиони «Сафина» имрӯз таблиғгари фарҳанг ва муаррифи давлати фарҳангпарвари мо гардидааст.

Сентябрь 2, 2020 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт