Сайди моҳӣ дар вилояти Суғд дар ҳашт моҳ беш аз 326 тоннаро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 19.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ 6,6 млн. сомониро ташкил кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 2,9 баробар зиёд аст. Давоми ҳашт моҳ дар хоҷагиҳои моҳидории вилоят сайди моҳӣ 326,4 тоннаро ташкил намуд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Суғд аз Идораи моҳипарварии вилоят иттилоъ доданд, айни ҳол дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ бисту нуҳ адад хоҷагиҳои хурду калони моҳипарварӣ фаъолият дошта, калонтарини онҳо ҶСК «Моҳии тоҷик»-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҶСК «Моҳипарварии Гулистон»-и шаҳри Гулистон ва ҶСК «Моҳипарварӣ»-и шаҳри Панҷакент ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина, дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти афзун намудани захира ва навъҳои гуногуни моҳӣ, дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо хоҷагии зотпарварӣ-моҳипарварии ҶСК «Моҳии тоҷик» ҳамасола ба обанборҳои вилоят миқдори муайяни намудҳои гуногуни кирминаи моҳичаҳо сар дода мешавад, ки он бевосита ба рушд ва афзоиши моҳӣ заминаи мусоид мегузорад.
Давоми ҳашт моҳи имсол дар вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла намудҳои моҳии пешонағафси сафед – 23,5 фоиз, зағорамоҳӣ – 32,0 фоиз, амури сафед – 19,3 фоиз, суфмоҳӣ – 8,0 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 17,3 фоизро ташкил намудааст.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, дар ҷумҳурӣ соҳаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯ ба рушд ниҳода, дар ин замина солона имкони истеҳсоли то 5 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ мавҷуд мебошад.
Ин нишондиҳанда метавонад барои таъмини амнияти озуқаворӣ, хосатан таъмини аҳолӣ бо ин намуди гӯшти парҳезӣ мусоидат намояд.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






