Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафари корӣ намуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, ифтитоҳи деҳаи навбунёд, бунгоҳи тиббӣ ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ба ноҳияи Хуросон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 14-16 майи соли равон бар асари офати табиӣ деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Анҷумани 18 – уми ҳизби Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон хароб гардида, манзилҳои зисти 67 оила зиён дида буданд.
Аз рӯзҳои аввал бо супориши Пешвои муаззами миллат ба мардуми зарардида кумак расонида шуд ва онҳо бо масолеҳи сохтмонию маводи ғизоӣ пурра таъмин гардиданд. Давоми ду моҳ барои 67 оила хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфта, дар онҳо ҳама шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардид.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон боздид карда, бо сатҳу сифати хонаҳои навбунёд шинос шуданд ва бо сокинон суҳбат намуданд. Инчунин онҳо сокинонро барои ободу зебо гардонидани кӯчаву маҳал ба истиқболи 30-солагии Истиқлолтияти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.
Ҳамчунин Сарвазири мамлакат аз синфҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ва ҷараёни дарсҳо дидан намуд.
Сарвазири мамлакат зимни сафар аз ҷараёни нашъу намои пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуд.
Қоҳир Расулзода масъулони вилоят ва ноҳияро вазифадор намуд, ки барои ҷоннок намудани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ тадбир андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода намоянд.










Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд






