СИККАИ БУЗУРГИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ба ду тарафи ин сарвати бебаҳо шабоҳат дод

Сентябрь 9, 2020 16:15

ДУШАНБЕ, 09.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вакили парлумон, раиси Комиссияи оид ба одоби вакилон ва узви фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода бе ваҷҳ мафҳуми «сикка»-ро ба кор набурдааст. Тоҷикон анъанаи хеле қадими сикказанӣ ва муомилоти пулӣ доранд. Барориши аввалин сиккаҳо дар сарзамини бостонии Бохтару Суғд аз асри III то милод, аз замони давлатдории сулолаҳои Селевкиён ва Юнону Бохтариён ибтидо мегирад. Ин сиккаҳо драхма (дирҳам) ном дошта, тибқи анъанаҳои сикказании юнониён сохта мешуданд. Минбаъд сикказанӣ ва муомилоти пулӣ дар тӯли таърихи миллат ҳеҷ гоҳ қатъ нагардида, то садаи ХХ пайваста идома ёфтааст.

Авҷи аълои сикказанӣ ва муомилоти молию пулӣ ба даврони аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён (875 — 999), ки пули нави Тоҷикистони мустақил ба ифтихори онҳо «сомонӣ» номгузорӣ шудааст, рост меояд. Қобили тазаккур аст, ки дар қаламрави ин давлати муқтадир қариб 30 маркази сикказанӣ вуҷуд дошт.

Файзулло Баротзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» даст ёфтан ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ба ду тарафи сиккаи бузурги тиллоии давлати Тоҷикистон ташбеҳ дада, онро чун бузургтарин сарвати давлату миллати Тоҷикистон баҳогузорӣ намуд.

Тавре Ҳофизи лисонулғайб навиштааст: «Ҳазор нақд ба бозори коинот оранд, Яке ба сиккаи соҳибъиёри* мо нарасад».

Файзулло БАРОТЗОДА дар идомаи суҳбат гуфт:

— Дар таърихи навини Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ҷашни муқаддас ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст ва ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Маънои аслии мафҳуми истиқлолият ҳамчун истилоҳ рафтори озодона, мустақилона ва бомантиқ доштан дар муҳити ватани обод мебошад. Аз мавқеи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, истиқлолияти давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонист. Аз нуқтаи назари сиёсӣ, истиқлолият амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназзами уфуқию амудии воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсиониро ифода менамояд.

Ҷанбаи муҳими соҳибихтиёрӣ барои ҳар давлати соҳибистиқлол дар масъалаи муносибатҳои хориҷӣ субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ будан ва дар пешбурди умури дохилӣ ноил шудан ба тақсимоти муваффақонаи ваколатҳои ҳокимияти давлатиро ифода менамояд. Мушарраф шудан ба ин рӯйдоди хотирмон ва тулӯи офтоби гарму форами санаи мубораки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 мувофиқ омадааст. Чун ҳамасола ин рӯзи фараҳбахшро тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хурду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул ва низомию ғайринизомӣ дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон орзуву ҳавас, меҳру муҳаббат, қаноатмандию болидарӯҳӣ ва ифтихор аз ватану миллат ва давлату давлатдорӣ бо дастовардҳои бештар аз пештар таҷлил менамоянд.

Сазовори гуфтан аст, ки тибқи Амри махсус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар тамоми манотиқи мамлакат корҳои бунёдкориву ободонӣ равнақи бемисл пайдо намуданд. АМИТ «Ховар» ин равандро  «Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон» унвон карда,   бо ин ном дар сомонаи худ бахши нав кушод, ки ин хеле муносиб ва муносир аст.  Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан як раванди бесобиқа ва ифодагари ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ  шуруъ ёфта ва торафт бештар қувват мегирад.  Бемуҳобо гуфтан мумкин аст, ки ҳамон анъанаи ҳасанаи дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ – ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ, шахсони саховатманду ватандӯст ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари давлати азизамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани объектҳои дорои таъйиноти инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ имсол чандин маротиба зиёдтар шудааст.

Албатта, ин муждаҳои ҷашнӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии сокинони мамлакат, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ниҳоят бузург мерасонанд. Ҳоло аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар рӯзи башумор то ин санаи фархунда чӣ гуна дарахти пурсамари Истиқлоли тоҷик мақому манзалати худро афзун мегардонад. Илова бар ин, қудсияти ин ҷашн дар шинохти мардум бо гузашти ҳар сол қавитар ва пурҷилотар мегардад.

Ҳар гоҳ дар бораи рушди мустақилона дар даврони истиқлолият сухан доир мешавад, бегумон самтҳои барозанда ва омилҳои меҳварии ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷумҳурӣ пеши назар ҷилвагар мешавад.

Муҳимтарин омили решадор кардани соҳибихтиёрӣ, пеш аз ҳама,  соҳибӣ карда тавонистани истиқлолияти давлатӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави он мебошад. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш ва қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ берун омада буд.

Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои кӯҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ тани танҳо бо мушкилоти сершумори худ рӯ ба рӯ шуданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи афсӯс хӯрдан аст, ки ҷумҳурии мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале дар муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии мамлакат тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳал намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдат ва якдилии саросарӣ расонид.

Омили дуюми муҳим дар ин раванд бар он бастагӣ дорад, ки ҷамъбасти фаъолияти сиёсию давлатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва дурандеширо ҳанӯз дар ҳамон муҳити ниҳоят сарбастаи ҷомеаи мамлакат ошкор карда тавонист. Дар он замон пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон машғулияти хатарнок маҳсуб мешуд. Вале иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ ташаккулёфтаи Сарвари тоҷикон имкон фароҳам овард, ки анбӯҳи мушкилоти дар ҷомеа пайдошуда тавассути хислатҳои сабру таҳаммулпазирӣ ва камоли масъулиятшиносӣ роҳи ҳалли сазовори худро пайдо намояд.

Аз ин ҷиҳат, 27 июни соли 1997, ба андешаи мо, инчунин тасдиқи дигарбораи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии ҷумҳурӣ ҳам будааст. Сулҳи беназири тоҷикон миллатро монанди пӯлод обутоб дода, ба мисли гӯшту нохун муттаҳид кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид ва номи тоҷику Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба таври абадулобод ҷойгузин шуд. Некӯ даромехтани ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ ҳамчун ду тарафи сиккаи бузурги тиллоии соҳибихтиёрӣ минбаъд расидан ба дастовардҳои дигарро дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, энергетика ва логистика, саноат ва озуқаворӣ осон гардонид.

Афзун бар ин, ҳамин омили муҳими муттаҳидкунанда чор унсури ҳадафбандии самтҳои стратегии рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳуриро моҳирона тарҳрезӣ карда тавонист ва офтоби уфуқҳои тоза ва иқболу шукуфоӣ ба рӯйи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дурахшон шуд.

 

 

_________________________________________________.  
*Сиккаи соҳибъиёр   — пули тиллои холис.

Сентябрь 9, 2020 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?