Туҳфаи Пешвои миллат хазинаи китобхонаҳои донишгоҳҳои вилояти Суғдро ғанӣ гардонид
ДУШАНБЕ, 18.09.2020. /АМИТ Ховар/. 17 сентябр дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорону олимони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли ин муассиса муаррифии китобҳои тозанашри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳи мазкур Сино Ғафурӣ ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаҳои вилояти Суғд, аз ҷумла донишгоҳҳои маркази вилоят миқдори муайяни китобҳои тозанашр туҳфа гардиданд.
Дар баробари дигар китобхонаҳои вилоят ба хазинаи китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ ба миқдори беш аз 50 адад 10 номгӯй китобҳо ҳамчун ҳадяи Сарвари маорифпарвари давлат супорида шуданд.
Иштирокдорони ҳамоиш зимни муаррифӣ аз китобҳои туҳфанамудаи Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, пуштибонии худро аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат баён намуданд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Ҳамасола баргузор гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва қадрдонии китобхонон аз таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат дар ин самт гувоҳӣ дода, ғанигардонии маҳзани китобхонаҳои донишгоҳҳои мамлакат бо китобҳои тозанашр баҳри баланд бардоштани маърифатнокии муҳассилин шаҳодати ин гуфтаҳост.








Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






