Замони бозиҳои даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» муайян гардид

Сентябрь 11, 2020 10:54

ДУШАНБЕ, 11.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ¼- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол, ки онҳоро Ширкати букмекерии байналмилалии «Parimatch» сарпарастӣ мекунад, 13-15 сентябр баргузор  мешаванд. 13  сентябр ду вохӯрии Ҷоми Тоҷикистон доир мешаванд. Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб дар хонааш дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо қабул мекунад. Дастаи  футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат мекунанд. 

Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Баргузории ду бозии дигари даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  15  сентябр дар назар аст. Дастаҳои  футболи  «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ байни ҳам сабқат мекунанд. Баргузории ҳамаи рақобатҳои даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон соати 15:30 дар назар аст.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври ¼-ниҳоӣ

13 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»

Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб

«Эсхата» – «Хатлон»

Варзишгоҳи «Спартак». Хуҷанд

15 сентябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»

Варзишгоҳи «Нефтяник». Рӯдакӣ.

«Истаравшан» – «Куктош»

Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан.

Сентябрь 11, 2020 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад