«Занон ва интихобот» — таҳти чунин унвон дар Файзобод ҳамоиш барпо шуд

Сентябрь 17, 2020 09:15

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи  бонувон дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод таҳти унвони «Занон ва интихобот» ҳамоиш доир намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оила ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон Заррина Абдумаинзода иброз намуд, ки «интихобот василаи муҳими амалӣ намудани ҳокимияти халқ буда, иштирок дар он нишонаи дарки баланди масъулият аст. Ҳар шаҳрванд дар интихобот як овоз дорад».

Ҳамзамон номбурда аз иштирокчиёни ҳамоиш  даъват намуд, ки чун  шаҳрвандони комилҳуқуқи мамлакат бояд бо дарки масъулияти баланди ватандӯстиву ватандорӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона иштирок намоянд.

Дар кори ҳамоиш коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Султонова сухан гуфта, ҳозиринро ба иштироки фаъол дар интихобот ва доштани масъулиятшиносии баланд даъват намуд.

Сентябрь 17, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд