103 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор, №15 ба интихобот пурра тайёранд
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 103 участкаи интихоботӣ, ки ба ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 шомил мебошанд, пурра ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, тайёранд,- изҳор дошт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси ҳавзаи интихоботии Ҳисор, №15 Анвар Аъзамов.
Раиси ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 афзуд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми 103 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15, ки 1309 нафар аъзо дорад, дар асоси қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба ташкил ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, шароити мусоиди овоздиҳӣ, аз ҷумла, дастурамалҳо, қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ, ҳуҷраҳои махсус барои модару кӯдак, ҳуҷра барои табибон ва барои нафароне, ки бемору барҷомонда буда, имкони дар интихобот иштирок кардан надоранд, қуттиҳои сайёр фароҳам оварда шудаанд.
Анвар Аъзамов зикр кард, ки бо назардошти риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию эпидемикӣ дар шароити пандемия тамоми участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 бо маводи антисептикӣ, ниқоб, либосҳои муҳофизатӣ, дастгоҳҳои тиббии ҳароратсанҷ- тепловизорҳо таъмин гардидаанд.
Инчунин рӯзи интихобот ба тамоми участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 340 нафар кормандони тиб ва 300 нафар волонтёрҳо аз ҳисоби ҷавонон сафарбар мегарданд.