1300 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардиданд-бардошт аз ҳамоиши гусели наваскарон дар Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба муносибати гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар марҳилаи аввали гусели даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ноҳияи Шаҳристон тавонист маъракаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро намояд. Инчунин шаҳру навоҳии Гулистон 84, Кўҳистони Мастчоҳ 70, Спитамен 68, Зафаробод 63, Ҷаббор Расулов 61, Ашт 60 ва шаҳри Панҷакент 60 фоизи маъракаи даъватро иҷро намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, устодону донишҷӯён, ҷавонони фаъол ва волидони даъватшавандагон иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» якҷо бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти мунтазам ба роҳ мондааст. Аз ин рў, соли равон дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ сафи ихтиёриён зиёд гардида, имрўз корҳои тарғиботию ташвиқотӣ сабаби он гардид, ки беш аз 1300 нафар ҷавонони чусту чолок бо амри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардиданд».
«Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстию ватандорӣ ва мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обу тобёфтаро ба камол расонидааст. Онҳо дар лаҳзаҳои хеле мушкил ҳамчун ҳомиёни содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонати мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати навини тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд»-афзуд Раиси вилоят.
-Таъмини фазои орому осудаи Ватан, амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобата ба он таълиму тарбия ва рӯҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд,-гуфт Раиси вилоят ва дар идомаи суханонаш таъкид намуд, ки «имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ, далели садоқати онҳо ба арзишҳои олии башарпарварӣ, орзуву омол ва ормонҳои миллӣ мебошад. Насли ҷавон дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад».
Дар вазъияти имрўза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои оинномавии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст.
Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки дигар ҳамсолони даъватшавандагон низ бо дарки масъулияти фарзандиву шаҳрвандӣ ва ҳидояти волидони худогоҳашон ҳамчун номбардорони падару бобоёни шуҷои худ рўзҳои наздиктарин барои хизмати Модар – Ватан камари ҳиммат мебанданд.
Дар ин рӯз барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуда, барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.








ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст






