150 нафар наваскарон аз Ҳисор барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар шуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор маросими гусели 150 нафар ҷавонон, ки барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардиданд, баргузор шуд.
Дар маросими гусели наваскарон, ки дар майдони назди Қасри фарҳанги шаҳр доир гардид, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок намуда, иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавони тоҷик мебошад.
Раиси шаҳр ба ҷавонон-наваскарон, ки барои адои қарзи ҷавонмардӣ ба маъракаи гусел ҳозир шуда буданд, дар иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон-Тоҷикистон роҳи сафед ва шуҷоатмандию мардонагӣ таманно намуд. Ҳамчунин ба падару модарони наваскарон, ки чунин фарзандони бонангу ор ва ҷасуру ватанпарвар ба камол расонидаанд, миннатдорӣ баён намуд.
«Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи марзу буми Ватан-Модар мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди боору номус ва ватанхоҳ буда, дар ин мактаби мардонагӣ ҷавонмардони асил обу тоб ёфта, барои ҳимояи Ватан омода мегарданд. Зиёд гардидани шумораи ҷавонписарони шаҳр, ки ихтиёран барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд, шоистаи таҳсину ифтихор аст», -афзуд Раиси шаҳри Ҳисор.









Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






