Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябри соли ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот оиди раванди музокироти сулҳ миёни Ҳукумати Афғонистон ва Ҳаракати «Толибон» дар шаҳри Давҳаи Қатар, аҳамияти барқарории суботу оромӣ дар мамлакати ҳамсоя барои минтақа, нақши кишварҳои ҳамҷавор дар мусоидат ба тарҳи сулҳи Афғонистон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки нақши Тоҷикистон бо назардошти сарҳадҳои тулонӣ бо ҶИА, муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, инчунин дурнамои таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар раванди сулҳи Афғонистон ниҳоят муҳим аст. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон оиди истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, махсусан Афғонистони ҳамсоя қобили омӯзишу пайравӣ ва намунаи ибрат мебошад.
Таъмини амният дар сарҳадот, тақвияти ҳамкориҳои тахассусии мақомотҳои амниятии ду кишвари дӯст омили муҳими мусоидат дар амалисозии тарҳи сулҳ дар Афғонистон ва минтақа маҳсуб мегардад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






