Адабиётшиноси тоҷик Юсуф Акбарзода дар синни 82 аз олам даргузашт

Октябрь 16, 2020 09:27

ДУШАНБЕ, 16.10.20 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр адабиётшинос, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Юсуф Акбарзода дар синни 82 аз олам даргузашт.

Юсуф Акбарзода 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро ба итмом расонда, ба ҳайси корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз намудааст. Солҳои 1963—1964 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ  хидмат кардааст.

Сипас Юсуф Акбарзода фаъолияташро дар пажӯҳишгоҳи мазкур идома дода, инчунин ба ҳайси ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмии Кумитаи истилоҳоти АИ ҷумҳурӣ, раиси Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ, раиси Бунёди Оли Сомон, сармуҳаррири маҷаллаи  илмии Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ «Варорӯд» фаъолият намудааст. Ӯ соли 1973 дар мавзӯи «Достони лирикӣ дар назми имрӯзаи тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Нахустин мақолаҳои илмияш, ки ба ҳалли масоили умдаи адабиёти муосири тоҷик бахшида шудаанд, соли 1959 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба табъ расидаанд. То имрӯз беш аз 600 мақолаи илмӣ, илмии оммавӣ, публитсистӣ, тақризу китобиёти ӯ роҷеъ ба вазъи кунунии назму наср, адабиёти кӯдак, забони давлатӣ ва истилоҳот, ҳусни калом, забони воситаҳои таълим ва қонун, масъалаҳои одобу ахлоқи ҷомеа, эҳсоси ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва ғайра дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Аз ҷумла,  китобҳои «Сужет ва композитсияи асари бадеӣ» (1975), «Анъана ва навоварӣ» (1975; дар ҳамқаламии М.Шакурӣ), «Талаби ҳаёт ва қисмати адабиёт» (1977), «Қисмати инсон ва қисмати шеър» (1980),  «Шеъри эҳсос ва тафаккур» (1985), «Мактаби шоирии устод Лоҳутӣ» (1987),  «Меҳри Ватан» (1989) ва ғайраҳо.

Мавсуф дорандаи унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон буд.

Октябрь 16, 2020 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд