Адабиётшиноси тоҷик Юсуф Акбарзода дар синни 82 аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 16.10.20 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр адабиётшинос, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Юсуф Акбарзода дар синни 82 аз олам даргузашт.
Юсуф Акбарзода 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро ба итмом расонда, ба ҳайси корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз намудааст. Солҳои 1963—1964 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардааст.
Сипас Юсуф Акбарзода фаъолияташро дар пажӯҳишгоҳи мазкур идома дода, инчунин ба ҳайси ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмии Кумитаи истилоҳоти АИ ҷумҳурӣ, раиси Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ, раиси Бунёди Оли Сомон, сармуҳаррири маҷаллаи илмии Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ «Варорӯд» фаъолият намудааст. Ӯ соли 1973 дар мавзӯи «Достони лирикӣ дар назми имрӯзаи тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Нахустин мақолаҳои илмияш, ки ба ҳалли масоили умдаи адабиёти муосири тоҷик бахшида шудаанд, соли 1959 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба табъ расидаанд. То имрӯз беш аз 600 мақолаи илмӣ, илмии оммавӣ, публитсистӣ, тақризу китобиёти ӯ роҷеъ ба вазъи кунунии назму наср, адабиёти кӯдак, забони давлатӣ ва истилоҳот, ҳусни калом, забони воситаҳои таълим ва қонун, масъалаҳои одобу ахлоқи ҷомеа, эҳсоси ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва ғайра дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Аз ҷумла, китобҳои «Сужет ва композитсияи асари бадеӣ» (1975), «Анъана ва навоварӣ» (1975; дар ҳамқаламии М.Шакурӣ), «Талаби ҳаёт ва қисмати адабиёт» (1977), «Қисмати инсон ва қисмати шеър» (1980), «Шеъри эҳсос ва тафаккур» (1985), «Мактаби шоирии устод Лоҳутӣ» (1987), «Меҳри Ватан» (1989) ва ғайраҳо.
Мавсуф дорандаи унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон буд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






