Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон: аз 15 асари пешниҳодшуда 9 адади он ҷойҳои намоён гирифтанд

Октябрь 14, 2020 13:34

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон, ки аз 15 январ то  15 сенябри соли равон идома ёфт,  ҷамъбаст гардид.

Ҷойи дуюм ба мазҳакаи дупардагии Ато Ҳамдам  ва Леонид Чигрин «Муаллими рақс» ва драмаи дупардагии Шодӣ Солеҳ «Қумрӣ шишту Шоҳин парид»,  ҷойи сеюм ба драмаи дупардагии Иброҳим Усмонов «Даҳ рӯзи генерал Шерак» ва мазҳакаи дупардагии Абдувадут Файзиев «Фарёди ишқ», инчунин мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ ба Ӯрунбой Усмонов барои драмаи дупардагии «Қарз», Гулчеҳра Муҳаммадиева барои драмаи дупардагии «Печутоби тақдир», Ҳалим Шариф барои драмаи дупардагии «Фоҷиаи тангроҳа» ва Абдуғаффор Абдуҷаббор  барои драмаи дупардагии  «Бобуна» дода шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар ҷамъомад Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ дар мамлакат мебошад.

Сармутахассиси Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Тоҳир Маҳмаризоев иброз дошт, ки аз таърихи эълон гардидани озмун то ҷамъбасти он 15 асари дарамавӣ аз адибон ва нависандагон пешниҳод гардид. Зимни баррасии асарҳои мазкур ҳайати ҳакамон ба мавзӯю муҳтаво, ихтилофсозӣ, шиддатнокии хатти сюжа, образофарӣ ва дар маҷмӯъ, ҷавобгӯй будан ба талаботи жанри драматургия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун, мутаассифона қисмати бештари асарҳо ба талаботи низомнома ва жанри драматургия ҷавобгӯ набуда, аз ин рӯ, ҷойи аввал ба ягон драма  сазовор нагардид.

Аз ҷониби Вазири фарҳанги мамлакат ғолибон ва иштирокдорони озмуни мазкур бо туҳфаҳои пулӣ ва Диплом сарфароз гардонида шуданд.

Драматург Ато Ҳамдам дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки “мо ба ин озмун мазҳакаи эҷоднамудаи худ ва шодравон Леонид Чигрин «Муаллими рақс»-ро    пешниҳод намудем. Муҳтавои ин мазҳака аз ҳаёт ва рӯзгори бинокорони иншооти бузурги мамлакат «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳикоят мекунад. Боварӣ дорам, ки ин мазҳака дар саҳнаи театр намоиш дода мешавад».

«Драма як жанри адабӣ, саҳнавӣ, синамоӣ ва дар адабиёти асрҳои 18-21 хеле маъмул буд. Дар драмаҳо, одатан зиндагии шахсии инсон ва муноқишаҳои иҷтимоии ӯ ба таври мушаххас тасвир карда мешаванд. Имрӯз  мардуми фарҳангпарвар ташнаи саҳнаҳои пйеса, ташнаи саҳнаҳои зиндагӣ ҳастанд, ки онро дараматургон эҷод мекунанд. Боварӣ дорам, ки дар оянда сафи драманависон зиёд мегардад».,-иброз дошт Гулчеҳра Муҳаммадиева.

Ёдовар мешавем, ки драма жанри адабӣ (драмавӣ), саҳнавӣ ва кинематографист. Он махсусан дар адабиёти асрҳои 18 — 21 васеъ паҳн шуда, тадриҷан як жанри дигари драма — фоҷиаро иваз кард. Бо пайдоиши кино, драма низ ба ин намуди санъат гузашт ва ба яке аз жанрҳои паҳншудаи он табдил гардид.

Драма, пеш аз ҳама, олами беруна — муносибати байни одамон, амалҳои онҳо, низоъҳои ба амаломадаро дубора таҷдид мекунад. Баръакси эпос, он на ҳикоя, балки шакли муколамавӣ дорад. Мавзӯи эстетикии драма аксуламали эҳсосӣ ва иродавии шахс мебошад, ки дар амалҳои лафзӣ ва ҷисмонӣ зоҳир мешавад. Асарҳои драмавӣ бо ҳолатҳои шадиди конфликтӣ хосанд, ки хусусиятро ба амали шифоҳӣ ва ҷисмонӣ водор месозанд. Одатан драмаҳо ҳаёти шахсии одамон ва муноқишаҳои иҷтимоиро махсус тасвир мекунанд.

Октябрь 14, 2020 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад