Ба таъсиси Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ 68 сол пур шуд

Октябрь 29, 2020 14:55

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 сол пур гардид. Ба ин муносибат дар Хадамоти мазкур бо иштироки роҳбарону кормандони соҳа аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии он ҳамоиши идона доир шуд.

Сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Анварҷон Ализода аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода тамоми кормандори соҳа, афсарон, прапоршику сержантон ва собиқадоронро табрик намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки «кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҳифзу амнияти дастовардҳои истиқлолро таъмин намуда, вазифаи пуршарафи муҳофизати иншооти муҳим ва махсусан муҳими давлативу ҷамъиятиро ба зимма доранд. Ин амал аз ҳар корманди хадамоти мазкур ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва масъулияти баланди касбӣ талаб менамояд. Дарки масъулият, садоқат ба давлату миллат ва устуворию матонат миёни кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» буд, ки новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, ба таври шабонарӯзӣ дар сардии зимистону гармии тобистон бо талошу кӯшиш ва азму суботи худ барои муҳофизати иншооти муҳим ва махсусан муҳими давлативу ҷамъиятӣ, мубориза бо қонунвайронкунӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш заҳмати зиёде ба харҷ дода, онҳо аз иҷрои вазифа ва масъулияти ба зиммадошта бо сарбаландӣ мебароянд».

Кормандони ин соҳа дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади таъмини волоияти қонун, оромиву осудагӣ ва ҳифзи бинову иншооти муҳим талошу кӯшиш намуда, рисолати касбии худро анҷом медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки соли равон Хадамоти давлатии «Муҳофиза» бо бинои замонавӣ таъмин гардид.

Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода як гурӯҳ  кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва ҷузъу томҳои он, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо медал, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

 

Октябрь 29, 2020 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст