Бадахшон: даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст ва 9 нафар ғолиб гардид

Октябрь 13, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст шуд. Дар  ин давр 132 нафар иштирок намуда, 9 нафар ғолиб гардид. Барои ширкати фаъолона дар озмун ғолибони даври вилоятӣ аз ҷониби раиси вилоят,  идораи рӯзномаи «Бадахшон», идораи телевизион ва радиои вилоят, раёсатҳои маорифу  ҷавонон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи хулосаи ҳакамон, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” Ориёнпури Султоншо – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и ноҳияи Рӯшон ва  Ҳикматулло Ҳабибуллоҳзода – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Дарвоз, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик” Умар Орзуев – хонандаи МТМУ рақами 19-и ноҳияи Ванҷ ва Шаҳодати Саидҷалол – хонандаи МТМУ рақами 21-и ноҳияи Дарвоз, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” Шаҳина Маҳбатқадамова – хонандаи МТМУ рақами 11-и ноҳияи Шуғнон ва Зулфияи Сайёд – хонандаи МТМУ рақами 9-и ноҳияи Роштқалъа, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” Шарифамо Одинамамадова ва Савриноз Файзуллобекова  аз  литсейи  Оғохон сазовори ҷои аввал ва иштирокчии даври чорум гардиданд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ Зунайда Раҷабова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки имсол дар озмун доираи васеи одамон–  тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва  таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Озмуни мазкур тайи ду сол аст, ки дар мамлакат ва дар ВМКБ баргузор мешавад. Роҳандозии озмун воситаи  тавонои тарғиби китобхонӣ ва давом додани анъанаи неки ниёгон – рӯ овардан ба китобу китобхонӣ буда, барои баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа созгор ва саривақтист.

Ёдовар мешавем, ки даври чоруми озмуни мазкур моҳи декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва ғолибони даври сеюм аз ҳамаи шаҳру навоҳии  мамлакат дар он иштирок менамоянд.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст: «Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

—маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;

— рӯйхати асарҳои мутолиашуда;

— миқдори ашъори азёдшуда;

— нусхаи чопӣ ва ё дастхати ашъори азёдкарда ва мазмуни мухтасари китобҳои мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар;

— суратҷаласаи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун».

Бояд тазаккур дод, ки дар даври чоруми озмун байни ғолибони номинатсияҳо сабқат барои дарёфти Шоҳҷоиза сурат мегирад. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Октябрь 13, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид