ЧАРО МАЙДОНИ КИШТИ ПАХТАИ МАҲИННАХ КАМ МЕШАВАД? Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ
ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони мамлакат дар 186 ҳазору 155 гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки 248 гектари онро пахтаи навъи маҳиннах (мисрӣ ё амрикоӣ) ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ду намуди пахта- миёнанах ва маҳиннах парвариш карда мешаванд. Тавре аз муқоисаи ин рақамҳо ва нишондодҳои пешин дар ин соҳа бармеояд, солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони кишти навъҳои пахтаи маҳиннах кам мешавад. Сабаби торафт кам гардидани кишти пахтаи навъи маҳиннах дар чист?
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади дарёфти посух ба ин савол бо мутахассисони соҳа ҳамсуҳбат гардид.
Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки «ватани аслии пахтаи маҳиннах ҷазираҳои Барбадоси Америкаи Ҷанубӣ буда, амрикоиҳо онро «гасипум барбадос» мегӯянд. Дар ҷаҳон ин намуди пахтаро амрикоӣ ё мисрӣ мегӯянд. Пахтаи маҳиннах, яъне амрикоиро то солҳои 1870 ва 1880 дар Осиёи Миёна ҳамчун ғӯза кишт мекарданд. Сипас пунбадонаи онро аз Америкаи Ҷанубӣ барои кишт ба Тоҷикистон оварданд, аммо ҳарорати ҳаво, ки инҷо паст буд, мутобиқ нагардид. Солҳои 1880 ин намуди пахтаро аз Миср ба водии Вахш оварда, кишт намуданд, ки ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ гардид. Сипас соли 1930 аз Миср ба водии Вахш навъҳои «Пима», «Маарат», «Ашмунӣ», «Афифӣ» ва ғайра оварда, парвариш намуданд. Дар ин солҳо селексионер В. П. Красичков аз навъҳои номбурда навъи нави № 23 ба вуҷуд овард. Сипас навъҳои онро дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна парвариш намуданд»,-афзуд ӯ.
Зикриёхон Ҳайдаров зикр намуд, ки боду ҳавои Миср ба иқлими водии Вахш наздикӣ дорад, аз ин рӯ ин намуди пахта дар минтақаи мо мутобиқ гардонида шуд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ пахтаи маҳиннахи амрикоиро бештар бо номи пахтаи мисрӣ мешиносанд.
Тибқи тавсияи олимони кишоварз, парвариши навъи пахтаи маҳиннах фақат дар иқлими хос имконпазир аст. Амрикоиҳо номи тиҷории ин навъи пахтаро Pima ва мисриҳо Giza меноманд. Баъзе ширкатҳои либосдӯзие, ки либосҳои гаронқимат медӯзанд, дар барчаспҳои либос бо ифтихор менависанд, ки матои он аз пахтаи навъи Pima ё Giza аст.
Дар ҷануби Тоҷикистон иқлими ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиён барои парвариши пахтаи навъи маҳиннах мусоид аст.
«Муҳимияти дигари ин намуди пахта он аст, ки барои нахаш парвариш карда мешавад. Ҳосили ин зироат аз нах ва чигит иборат аст. Арзиши 1 кг нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 15 ё 16 килограмм гандум баробар аст»-, таъкид намуд мавсуф.
Ба гуфтаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов пахтаи маҳиннах бештар нури офтоб металабад.
«Нахи ин пахта нисбат ба навъҳои миёнанах дарозтару заифтар буда, муқовиматаш ба кандашавӣ низ болост ва табиист, ки нархаш ҳам гаронтар аст. Сифати матоъҳои аз ин навъи пахта тавлид мешуда бамаротиб беҳтар аст. Аз пахтаи маҳиннах, ки ҳамчун ашёи хоми универсалӣ истифода бурда мешавад, ришта, ресмони моҳидорӣ, тасмаҳои ҳаракаткунанда, матоъҳои махсуси рӯпӯшкунандаи обрав, чизҳои барқногузар ва ғайраҳо истеҳсол мегарданд. Баъзе навъҳои нахи ин намуди пахтаро дар соҳаи мошинбарорӣ, чархи мошинҳо ва истеҳсол намудани парашут, фотоплёнка, лакҳо, коғази аълосифат истифода мебаранд. Умуман аз ин пахта зиёда аз 150 навъи ашё омода мегардад»,- афзуд номбурда.
Дарозии нахи аксар навъҳои пахтаи муқаррарӣ то 30—33 миллиметр, нахи пахтаи маҳиннах бештар аз 38—40 миллиметр аст.
Ҳамчунин дарозии нахи навъи якуми пахтаи маҳиннах 41 ё 42 миллиметр мебошад, ки дар Осиёи Марказӣ чунин навъҳо танҳо дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд. Дарозии нахи навъи дуюми он 33 ё 40 миллиметр аст, ки он дар Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Дарозии нахи навъи сеюм 38 ё 37 миллиметр мебошад.
Дар саноати матоъҳои пахтагин нахи пахтаро ба 7 навъ тақсим мекунанд. Аз навъҳои I, II ва Ш пахтаи маҳиннах матоъҳои махсуси тунук ва бадошти сатин, батист ва трикотажӣ тайёр мекунанд.
Зикриёхон Ҳайдаров зикр намуд, ки ин навъи пахта дар таҷрибаи солҳои зиёд бартарии худро нишон дода, ба гармӣ ва касалиҳои хоси зироати кишоварзӣ тобовар мебошад. Нархаш нисбат ба пахтаҳои миёнанах қимат аст. Яъне, аз ин ҳисоб низ хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор метавонанд даромади бештар гиранд.
Ба гуфти олими соҳаи кишоварзӣ, пахтаҳои намуди маҳиннах нисбат ба пахтаҳои миёнанах аз ҷиҳати агротехникаи парвариш фарқ мекунанд. Парвариши агротехникии пахтаи маҳиннах 10-15 фоиз нисбат ба миёнанах фарқ дошта, талаботаш зиёдтар ва деррастар мебошад.
Ин олим омили дигари кам шудани майдони кишти навъҳои пахтаи маҳиннахро ба он рабт медиҳад, ки корхонаҳои зиёди давлатҳои Осиёи Миёна ва Аврупо, ки харидори нахи пахтаи мо мебошанд, ба нахи пахтаи миёнанах мутобиқ карда шудаанд.
Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки солҳои охир фаcли тобистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гармтар омадааст, ки ин гуна вазъи ҳаво барои парвариши пахтаи маҳиннах хеле мусоид аст. Вале барои парвариши пахтаи миёнанах он номусоид арзёбӣ мешавад. Зеро агар ҳарорат аз 30 ё 35 дараҷа зиёд шавад, ин барои пахтаи миёнанах марговар аст, зеро пахта ба бемориҳои гуногунун дучор гардида, боиси камҳосилӣ мегардад. Раванди фотосинтези пахтаи маҳиннах ба 40-42 дараҷа гармӣ тобовар мебошад. Аз ин рӯ вақти он аст, ки кишти пахтаи маҳиннахро зиёд намуда, нахи ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй пешниҳод намоем.
«Даромад аз фурӯши маҳсулоти асосии пахта- нах, чигит, тибит ва ғайра ба миқдори 20-25 фоизи даромади солонаи миллиро ташкил медиҳад. Бар ивази содироти нах, тибит ва тораки пахта ба ҷумҳурӣ маводи хӯрокӣ, сӯзишворӣ, тиббӣ, мудофиавӣ, нуриҳои маъданӣ, заҳрхимикатҳо, техникаю қисмҳои эҳтиётии он ва ғайра ворид мешаванд. Аз пахта ба воситаи коркард беш аз 300 намуд маҳсулоти хочагии халқ истеҳсол мешаванд»,- афзуд коршинос.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»