Дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, ташаккул ва рушди дубораи забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон дар фароянди ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намуд.
Дар тақвияти суханони ректор мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод доир ба рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол маърӯза намуд.
Мавсуф зикр дошт, ки дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора тадбир меандешад. Беҳуда нест, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи он таваҷҷуҳи вижа зоҳир шудааст.
Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».
Сипас аз ҷониби устодони донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Нақши забони адабӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва ваҳдати ҷомеа», «Нақши забон дар бозтоби ҳодисаҳои таърихӣ» ва «Ҳифзи забони модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.
Бояд тазаккур намуд, ки ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати аҳли ҷомеа аст, зеро забон василаи муоширати одамон буда, танҳо ҷамъият қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.
Дар хотима донишҷўён дар васфи забон ва ҳифзи ин рукни бебаҳо аз зуҳуроти бегона пораҳои шеърӣ қироат намуданд.








ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намуданд
Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд
ПАЁМ-МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
Асари «Абармарди таърихсоз» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Адибони тоҷик дар Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 иштирок намуданд
Намояндаи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд






