Дар Хоруғ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз шуд

Октябрь 6, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 06.10.2020  /АМИТ «Ховар»/.   Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 29 сентябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласа доир гардид, ки дар он нақшаи баргузории даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар маркази ВМКБ, вилояти Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эълон шуд. Тибқи нақшаи мазкур, даври дуюми озмун аз 5 то 10 октябр дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад.

Сардори шуъбаи фарҳанги ВМКБ  Сайёд Курбонмамадов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки аз 5 октябр дар шаҳри Хоруғ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид ва дар он 93 нафар ғолибони даври аввали озмун иштирок доранд.

Мавсуф зикр намуд, ки ҳайати ҳакамон аз 6 нафар- композитор, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Пайрав Мародайсейнов, директори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Қиёмиддин Иброҳимов, ҳунарманди анъанавӣ Раҳматулло Ҳошимов, роҳбари бадеии ансанбли давлатии «Фалак», овозхони анъанавӣ Носир Сафаров ва дигарон иборат мебошад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар даври дуюми озмун талабот нисбат ба даври аввал ҷиддитар мебошад. Аз ин рӯ иштирокдорон бояд бо маҳорати баланд ва истеъдоди нотакрор худро муаррифӣ намоянд. Зеро озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои  Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даврҳои якум ва дуюми озмунро дар сатҳи баланд дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда, ғолибонро бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки фарқи озмуни имсола аз соли гузашта он аст, ки дар озмуни имсола омӯзгорон ва устодоне, ки шогирдонашон ғолиб мегарданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд карда мешаванд.

Октябрь 6, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад