Дар Кӯлоб бахшида ба 120-солагии шоир Сайдалӣ Вализода конфренсияи илмӣ-амалӣ доир гардид

Октябрь 21, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 120-солагии шоир, мутриб, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945), Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960) Саидалӣ Вализода конференсияи илмӣ-амалӣ  доир гардид. Дар конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, директори Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» Ҳотам Асозода, кормандони Хона – музейи  шоир  Сайдалӣ Вализода ва аъзои маҳфили «Ганҷи Кӯлоб»  аз ашъори шоир, ки саросар аз рӯҳияи ватанпарастиву инсондӯстӣ иборат аст, ёдоварӣ намуда, шеърҳояшро қироат ва қиссаву ҳикояҳои ҷолибу пурзарофаташро қисса карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Саидалӣ Вализода аз зумраи он шоирони маъруфи  мардумист, ки дар замони аввали  Тоҷикистони шӯравӣ  шеърҳои равони ӯ, ки    бо сабки халқӣ  иншо шудаанд,  зуд  ба дилҳо ҷо шуда, аз даҳон ба даҳон мегузаштанд. Бахусус, шеъри «Ленин бародар раҳнамо»-и  шоир  шуҳрати зиёд пайдо карда буд ва онро ҳофизони маъруф месароиданд. Шоири  ҳақиқатгӯ ҳамеша ба муқобили ҳама гуна урфу одатҳои зарарнок—мероси замонҳои гузашта бо яроқи ҳаҷв мубориза
бурда, порахӯрӣ, коргурезӣ, бадмастӣ, бемасъулиятӣ, танбалӣ, фиребгарӣ барин рафторҳои ношоистаро зери тозиёнаи ҳаҷву танқид мегирифт.

Баромадкунандагон зикр  намуданд, ки  мубориза ба муқобили босмачиён ва боқимондаҳои замони кӯҳна, васфи сохти колхозӣ, бартариҳои ҳаёти сотсиалистӣ – мундариҷаи ашъори солҳои 20 ва 30-юми  шоирро ташкил додаанд. Шоири мардумӣ Саидалӣ Вализода мактаби адабии худро дошт, ки дар он  шоирони шинохта, ба  монанди  Ҳақназар Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Ашӯр Сафар ва бисёр дигарон  ба камол расидаанд.

Таъкид гардид, ки Саидалӣ Вализода тамоми умр мисли занбӯри асал, ки шираи гулҳоро мечинад, байни мардум гашта, беҳтарин офаридаҳои  шифоҳиро ҷамъ карда, мисли ганҷина дар зеҳн медошту дар мулоқоту суҳбатҳо дидаву шунидаҳояшро бо обуранги хосе ҳикоят ва шунавандагонро мафтун мекард.

С. Вализода донандаи ҳикояву латифа, панду ҳикмат, байту ғазал, достону мазҳакаҳои халқӣ буд, онҳоро худаш ҳам мебофт ва худаш каҳрамони онҳо мешуд. Бисёр гуфтаҳои  шоири халқӣ  латифа шуда,  то ҳанӯз дар байни мардум мегарданд. Дар ашъори ӯ  шеърҳои ҳаҷвӣ мавқеи хосса доранд.

С. Вализода дар шеърҳои «Меҳнат кун», «Зарур», «Ибрат гир», «Ҳангоми кишти пахта», «Даъвати ман», «Меҳнат шараф аст», «Ҳадаҳа», «Стаханов», «Духтари озод» ва ғайраҳо  бунёдкориҳои одамони советӣ, кору рафтори зарбдорони майдони меҳнатро тасвир кардааст. Шоир  ҳамчун вассофи ғояҳои сулҳу амният дар шеърҳои «Лаънат ба ғоратгарон», «Нест бод ҷангҷӯён», «Нест бод ҷанг» симои империалистони хориҷӣ-оташдиҳандагони ҷанги навро фош ва маҳкум намуда, дар шеърҳои «Қувваи сулҳ», «Тарафдори сулҳ» ғояҳои сулҳу озодиро ташвиқу тарғиб намудааст.  С. Вализода муаллифи манзумаҳои «Достони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1946), «Нозими Ватан» (1952), «Ду додарон» (1958), «Нодир ва Муҳтарам» (1964) низ мебошад, ки дар ин офаридаҳо ғояҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ  тарғиб шудаанд. Ӯ инчунин гурӯғлисарои машҳури тоҷик буда, бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Саидалӣ Вализода 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки  ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда,  12 декабри соли 1971 дар шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшидааст. Хизматҳои  шоистаи  Сайдалӣ Вализодаро ба инобат гирифта, имрӯз дар  мамлакат  чандин мактаб, маҳаллаҳо ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи ин шоири маҳбуби халқ гузошта шудаанд.

Октябрь 21, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд
Густариши ҳамкории илмию таҳқиқотии Тоҷикистон ва Фландрия баррасӣ гардид
Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид