Дар Тоҷикистон нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 20 фоиз иҷро гардид

Октябрь 2, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар рӯзи дуюми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 фоизи нақша иҷро гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод.

Дар Рӯзи аввали даъват нақшаи сафарбар намудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аввалин шуда  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор  пурра  иҷро намуданд. Дар ин баробар вилоятҳои Суғд 15 ва Хатлон 23 фоиз, шаҳри Душанбе 42 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 фоизи нақшаи сафарбарнамоиро  иҷро намуданд.

Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии моддиву маишӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрўз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандўстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар мебаранд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар фард мактаби ташаккули шахсият аст. Барои ҳар  давлати соҳибистиқлол, хосса халқу миллатҳое, ки озод будан ҷавҳари аслии ҳастии онҳоро ташкил медиҳад, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин Ҳукумати мамлакат ҷиҳати  фароҳам овардани шароити созгор ба сарбозону афсарон пайваста  тадбирҳои мақсаднок меандешад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 октябр  дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд.

Октябрь 2, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад