Дар вилояти Тюмени Федератсияи Россия бо фаъолони ҷамъиятии тоҷикон мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ҳайати кормандони ин муссисаи давлатӣ ва намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Федератсияи Россия Беҳрӯз Холиқов бо фаъолони ҷамъиятии тоҷик дар вилояти Тюмени Федератсияи Россия мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар мулоқоти мазкур перомуни ҷанбаҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва нақшаҳои минбаъдаи он дар самти рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, саҳми тоҷикони бурунмарзӣ дар иқтисодиёти ватанӣ, зарурати риояи қонунгузории муҳоҷиратӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил гардидани хатсайрҳои чартерӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоти ба фиреби баъзе миёнаравҳои қаллоб афтидани шаҳрвандони Тоҷикистон, пайомадҳои номатлуби фаъолияти тарғиботии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу хатарзо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Интернет миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқоти судманд гузаронида шуд.
Роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Тюмен Абдулло Каримов иброз дошт, ки бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки дар ҳузури ҳамаи ҷамъомадагон қисми 5 филми мустанади «Хиёнат», ки дар он амалҳои террористиву иғвогаронаи ташкилоту гурӯҳҳои бадхоҳи миллати тоҷик инъикос ёфтаанд, ба намоиш гузошта шавад. Баъди тамошои якҷояи филми мазкур иштирокдорон назари худро чунин шарҳ доданд, ки дар асл ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии тарзи ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи солими инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.
Дар анҷоми мулоқот аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Тюмени Россия фаъолият мекунанд, даъват ба амал оварда шуд, ки 11 октябри соли 2020 ба Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург омада, дар маъракаи муҳимтарини сиёсӣ – интихоботи президентӣ ширкат ва ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






