Дар водии Рашт Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар водии Рашт Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон ифтитоҳ гардида, ба Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонию фермерии «Самар»-и ноҳияи Лахш мотоблокҳои кишоварзӣ дастрас карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ иттилоъ доданд.
Мақсади асосии амалисозии лоиҳаҳои мазкур таъсиси ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии соҳибкорӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҷавонон буда, дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Лахш ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, муовинони раисон, аъзои Шӯрои машваратии водӣ, инчунин котибони масъул, аъзои шўроҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа зикр гардид, ки сафарҳои мунтазам ва вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт бозгўи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаи Рашт ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни ин сафарҳои бобарору созанда якчанд иншооти таъйиноти гуногун аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
“Дар ҷаласа масъалаҳои имконоти сармоягузориву соҳибкории водии Рашт ва баланд бардоштани иқтидори он, таклифу пешниҳодҳо ба лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, имконоти рушди соҳаи коркарди маҳсулот ва афзоиши занҷираи арзиши иловашуда дар водии Рашт ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ, мушкилоти соҳа ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Иштирокчиён оид ба дастгирии бахши хусусӣ, истифодаи шароит ва имконоти рушди минтақаи Рашт, таҳкими фаъолияти шӯроҳои машваратии минтақавии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, саҳми соҳибкорон дар ободии диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани некуаҳволии мардуми минтақа ибрози назар намуданд”, — илова намуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки бахшҳои коркарди меваю сабзавот, коркарди ашёи хоми саноатӣ, аз ҷумла мармар, ангиштсанг, хокаи оҳаксанг, тиллои пошхӯрда, бунёди корхонаҳои хурди парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбўри асал, ҷамъоварӣ ва банду басти меваи хушк ва гиёҳҳои шифобахш, коркарди пӯсту пашми ҳайвонот ва ҳунарҳои мардумӣ аз самтҳои афзалиятнок дар минтақа интихоб гардиданд.









Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад
Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид
БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд
Иҷрои Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид
РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аст
АМАЛИ МО ИНТИҚОЛИ НУР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи энергетикҳо дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва амалӣ мегардад
СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад






