Дастаи Шуғнон-2 ба даври ҷумҳуриявии Озмуни «Дониш ва ҳунар» роҳхат гирифт

Октябрь 21, 2020 09:34

ХОРУҒ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии  Озмуни “Дониш ва ҳунар” баргузор гардид. Дар  озмун дастаи Шуғнон-2 мақоми  аввалро дарёфт намуд  ва  ба даври  ҷумҳуриявии ин озмун роҳхат гирифт. Ҷои дуюм насиби дастаи Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов гардида,  хонандагони муассисаҳои таълимии  ноҳияи Роштқалъа ҷойи сеюмро  соҳиб шуданд.

Сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ниёзмамад Мамадаёзов гуфт, ки  “озмуни мазкур бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари мамлакат доир мегардад. Мақсади озмун муаррифӣ кардани осори илмию адабӣ ва фарҳангу суннати ниёгон  аст. Дар озмун хонандагоне ширкат меварзанд, ки дар соҳаи рассомию суханварӣ донишу истеъдоди баланд ва ҳунари воло дошта, донандаи хуби осори гузаштагонанд ва доир ба муҳити зист, таъриху география ҷаҳонбинии васеъ доранд. Аъзои ҳакамон барои муайян кардани дониш ба онҳо аз фанҳои гуногун шаш савол пешниҳод намуда, зимни посух додан ба тарзи фикрронӣ ва суханварии онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад”.

Яке аз шартҳои озмун аз рӯи асари бадеӣ таҳия намудани  саҳнача мебошад. Хонандагон бояд тавассути саҳнача мақсаду ҳадафи асосии муаллифи асарро ба самъи ҳозирин расонида тавонанд. Дар баробари ин онҳо бояд нақшҳоро низ самимию табиӣ иҷро намоянд. Иштирокчиёни озмун аз иҷрои ин шарт ба хубӣ баромаданд.

Тасвир кардани манзараҳои зебои диёр шарти дигари озмун буд. Хонандагон дар муддати кӯтоҳ дар ҳузури ҳакамон манзараҳои ҷолиби диёр ва чеҳраҳои шахсони таърихиро бояд тасвир менамуданд. Ҳарчанд дар муддати 15-20 дақиқа  кашидани ягон манзара ё чеҳраи шахсияти таърихӣ кори осон нест, аммо машқи зиёд ба рассомони наврас имкон дод, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифа низ ба хубӣ баромада тавонанд.

Шарти суолу ҷавоб низ шавқовару диданӣ сурат гирифт. Хонандагон дар шакли хаттӣ ба ҳамдигар суолҳо пешниҳод намуданд. Барои пайдо кардани посух як дақиқ вақт ҷудо шуд ва хонандагон баъди баҳсу баррасӣ ба суол посух доданд.

Октябрь 21, 2020 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд