Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ: «Рушди соҳаи саноати сабук имкон медиҳад, ки бонувон бештар бо ҷойи кор таъмин шаванд»
ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Як бартарии рушд додани соҳаи саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки ба воситаи он қувваи қобили меҳнат аз ҳисоби бонувон бештар ба шуғл фаро гирифта мешавад. Имрӯз дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ нақши дасти муъҷизаофари занону духтарон равшан ба назар мерасад. Рушди соҳаи саноати сабук имкон фароҳам меорад, ки чӣ дар шаҳру чӣ дар деҳот бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори хуб ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ начандон вазнин таъмин шаванд. Дар навбати худ ин омил ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии оилаҳо мусоидати бевосита хоҳад дошт.
Ин нуктаро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо МАНСУРӢ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК иброз намуд.
Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) зимни супоришу вазифагузориҳо Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.
Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид доштанд, ки «шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро водор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем».
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ мегӯяд, ки дар робита ба ин ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет тадбирҳои зарурӣ андешад.
Таъмини иҷрои саривақтии ин супоришу вазифаҳо дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва рақамигардонии фаъолияти идоракуниву истеҳсолот тақозо менамояд, ки мақомоти давлатӣ сиёсати ягонаи иқтисодиро бо истифодаи механизм ва шаклу усулҳои муосир ба танзим дароранд.
Тавре маълум аст, рушди соҳаи саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кори мавсимиву доимӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он, ҳамзамон ба ин васила ба баланд гардидани сатҳи некўаҳволии аҳолӣ асос мегузорад. Бо назардошти ин, саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграриву индустриалӣ ба давлати индустриаливу аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳадафи чоруми миллӣ қабул гардид.
Айни замон дар радифи соҳаи кишоварзӣ соҳаҳои саноати сабук ва саноати хўрокворӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои мазкур ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид шуда, таҳаввулоти бузургро аз сар гузаронданд. Аз ҷумла, дар самтҳои нассоҷию кешбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъ, мебел, консерваи меваю сабзавот, коркарди гӯшту шир ва пашму пӯст ташаббусу иқдомҳои наҷиби ватандӯстона рӯи кор омада, дар баробари бунёди корхонаҳои нав корхонаҳои мавҷудаи муваққатан аз фаъолият бозмондаву иқтидори истеҳсолиашон камгардида дубора ба кор дароварда ё таҷдиду навсозӣ шуданд.
Афзалият ва бартарии соҳаҳои саноати сабук ва саноати хўрокворӣ, пеш аз ҳама, ба фаровон ва дастрас будани захираи ашёи хом дар дохили мамлакат, вобастагӣ надоштан ба воридоти ашёи хом аз хориҷа, таъсис ёфтани шумораи зиёди ҷойҳои нави кор, фароҳам овардани шароиту имконоти васеъ ва бо маҳсулоти хушсифати воридотивазкунанда таъмин намудани аҳолӣ асоснок мешавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки,-мегӯяд Дилрабо Мансурӣ,- ҳоло соҳаи саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар дар заминаи коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва нахи он, пилла, пашм, пӯст тараққӣ намуда, корхонаҳои бофандагию дӯзандагӣ асосан ашёи хоми ватанӣ истифода мебаранд. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҷуғрофияи саноати сабуки мамлакат танҳо бо коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ маҳдуд мешавад.
Айни замон бо оҳистагӣ ҳам бошад, сарулибос, пойафзол, матоъ, қолину маҳсулоти қолинӣ дар бозор ҷои чунин маҳсулоти воридотиро ишғол намуда, қисман баъзе намуди онҳо ба хориҷа низ содирот шуда истодаанд. Ин омил, агар аз як тараф нишонаи рушди соҳаи саноати сабук бошад, аз ҷониби дигар, гувоҳи ба стандартҳои ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ ва ба рақобат тобовар будани маҳсулоти болозикр мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон маҳсулоти истеҳсоли саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари хориҷӣ содирот карда мешавад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бо вуҷуди пешравиҳои бузург ва қадамҳои устувор дар самти саноатикунонӣ, ҳанӯз дар иқтисодиёти Ватани мо соҳаи кишоварзӣ мавқеи асосӣ дорад ва қисми асосии аҳолии қобили меҳнат маҳз дар ҳамин соҳа фаъолият мебаранд. Дар мамлакат даҳҳо намуд зироат парвариш шаванд ҳам, пахтакорӣ ҳамчун бахши афзалиятнок боқӣ мемонад ва пахта яке аз боигариҳои асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳоло дар ҳар шаҳру ноҳияи ба парвариши пахта машғул ҳадди ақалл як ё ду корхонаи коркарди аввали пахта мавҷуд аст, ки шумораашон дар умум ба зиёда аз 70 адад мерасад ва аксари онҳо дар шакли ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ё ҷамъияти саҳомӣ фаъолият мебаранд. Дар ҷараёни коркарди аввалин асосан пахта аз чигит тоза ва нахи он барои коркарди минбаъда ҷудо карда мешавад.
Баъзе корхонаҳои коркарди аввалини пахта дар заминаи мавҷудияти чигит ҳамчунин истеҳсоли равғану собун ва кунҷораро ба роҳ мондаанд, ки ба афзоиши шумораи ҷойи кор мусоидат менамояд.
«Фаъолияти корхонаҳои коркарди аввали пахта мавсимӣ буда, ҳамагӣ чанд моҳро дар бар мегирад. Чунин корхонаҳо барои коркард тибқи шартнома аз хоҷагиҳои пахтакор ҳамасола ба андозаи 4-5 ҳазор тонна ё каме бештар пахта қабул менамоянд. Тамом шудани ин захира маънои ба охир расидани фаъолияти корхонаро дорад. То оғози мавсими нав аҳли ҷомеаи меҳнатӣ бе ҷойи кор мемонанд ё як теъдоди ниҳоят камашон ба корҳои таъмирию ташкилӣ ва ободонӣ фаро гирифта мешаванд. Бартарии корхонаҳои коркарди ниҳоии пахта дар он аст, ки тамоми чор фасли сол раванди истеҳсолот идома меёбад ва кормандон бекор намемонанд»,-иброз дошт Дилрабо Мансурӣ.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ замин дар симои марди деҳқон соҳиби ҳақиқии худро пайдо намуд ва ӯ дар фурӯши маҳсулоти истеҳсол намудааш мустақил мебошад. Ҳарчанд дар минтақаҳои гуногуни мамлакат дар асоси нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ корхонаҳои ресандагию бофандагӣ арзи ҳастӣ намуданду амал карда истодаанд, ҳанӯз миқдори ночизи нахи пахта дар дохили Тоҷикистон мавриди коркард қарор мегирад. Яъне ҳанӯз нахи пахта дар шакли ашёи хом ба хориҷа содирот мешавад. Дар сурати пурра коркард намудан ва дар шакли ниҳоӣ (ришта ё матоъ) ба фурӯш баровардан даромаднокии он чанд маротиба бештар мегардад.
Дӯзандагӣ низ ҳамчун бахши таркибии соҳаи саноати сабук солҳои охир дар Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳода аст, ки падидаи ҷолиб мебошад. Ҷойи либоси мактабии воридотиро пурра ишғол намудани либосҳои истеҳсоли худӣ далели раднопазири ин гуфтаҳост. Дар ин раванд дар коргоҳҳои дӯзандагӣ истеҳсоли либосҳои миллӣ ва аврупоии мардонаю занона барои калонсолону бачагон, низомӣ, кор ҷомаю дастпӯшак ва ғайра ба таври васеъ ба роҳ монда шуда истодааст. Чунин корхонаҳо дар самти бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони хонанишини минтақаҳои нисбатан дурдаст нақши муҳим мебозанд.
Рушди дӯзандагӣ дар навбати худ ба рушди ресандагию бофандагӣ вобастагӣ дошта, мусоидат менамояд. Новобаста ба пешравиҳо, ҳанӯз ба Тоҷикистон ҳамасола ба миқдори зиёд аз хориҷа матоъ, либос ва дигар маҳсулоти аз пахта истеҳсолшуда ворид мегарданд. Ҳатто дар бозорҳо рӯйҷо, кӯрпаю болишт, бистар, кампал ва болопӯши дар хориҷа истеҳсолшударо дучор омадан мумкин аст. Ва ин дар ҳолест, ки дар дохили Тоҷикистон истеҳсоли ин намуди маҳсулот имконпазир аст. Илова бар он, корхонаҳои ресандагию бофандагӣ талаботи бозори дохилиро пурра қонеъ гардонида наметавонанд.
«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 – 2021 ба рушди соҳаи саноати сабук такони ҷиддӣ бахшид. Мушаххастар гӯем, ба тараққиёти ҳунарҳои мардумии аз байн рафтаю қисман фаромӯш шуда мусоидати ҳамаҷониба намуд. Имрӯз дар тамоми ҷамоати шаҳраку деҳот ҳадди ақалл як маркази омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ, чандин сеху устохонаҳо амал менамоянд ва садҳо нафар ба таври инфиродию дастҷамъона ба истеҳсоли маҳсулоти косибию ҳунармандӣ машғуланд. Аммо маҳсулнокии дастгоҳҳои дастӣ нисбат ба маҳсулнокии дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба маротиб кам аст. Ин ҳолат водор месозад, ки истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандию косибӣ дар шакли фабрикавӣ низ ба роҳ монда шавад. Имрӯз эҳёи собиқ фабрикаҳои корҳои хонагӣ ҳам тақозои замон аст. Ба туфайли ин тадбир ҳам ҳунармандону косибон сарҷамъ мешаванд, ҳам раванди истеҳсолот ба низоми муайян медарояд»,-мегӯяд Дилрабо Мансурӣ.
Ба ғайр аз нахи пахта дар Ватани мо ҳамасола ба миқдори зиёд нахи абрешим низ истеҳсол мешавад. Дар саргаҳи шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли даҳҳо намуд матои атласу адрас, шоҳӣ ва ғайра гувоҳи он аст, ки ҳунари аз нахи пилл а бофтани матоъ дар диёри офтобиамон таърихи дерина дорад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти коркарди пиллаю пахта ширкату корхонаҳои муштарак ҳам арзи ҳастӣ карданд. Вале дар муқоиса бо шуҳрати пешинаи ин бахши сердаромад тадбирҳои то ин дам андешидашуда ҳанӯз каманд.
Давоми чанд соли охир таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ ба маротиб афзуда, барои воридкунандагони таҷҳизоту технологияи истеҳсолӣ якчанд имтиёзҳо муқаррар карда шуданд. Дар қиёс ба бунёди корхонаҳои истеҳсолии соҳаи саноати вазнин бунёди корхонаҳои соҳаи саноати сабук хароҷоти камтар тақозо менамояд, ки ин бартарии хеле зиёд дорад. Вақти он расидааст, ки ба ин масъала аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон эътибори бештар дода шавад.
«Чун ин ҷо сухан дар хусуси фаъолияти соҳибкорӣ рафт, зикри як нукта хеле муҳим аст: ба ин намуди фаъолият дар соҳаи саноати сабук ба хизматрасонӣ машғул шудан як қатор сабукиҳо дорад. Соҳаи саноати сабукро ҳам тавассути соҳибкории хурду миёна ва ҳам соҳибкории ба истилоҳ «калон» рушд додан имконпазир мебошад.
Дар доираи татбиқи ҳадафи миллии таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ рушди бемайлон таъмин шуда истодааст. Ҳоло маҳсулоти худӣ, аз қабили меваю сабзавот ва консерваи онҳо, полезиҳо, тухму гӯшти парранда, шир, маҳсулоти ширию гӯштӣ, нонӣ ва қаннодӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, асал ва ғайра қариб пурра ё қисман ҷойи маҳсулоти воридотиро ишғол намудаанд. Дар заминаи рушди соҳаи чорводорӣ ҳамасола дар мамлакат садҳо тонна пашм ва пӯсти чорвои калону майда истеҳсол мешавад. Мутаассифона, ин захираи ашёи хоми бебаҳо қариб дар ҳамин шакл содирот мешавад. Ҳол он ки коркарди ниҳоии пашму пӯст ба мисли коркарди ниҳоии нахи пахтаю пилла ва меваю сабзавот ба таъсиси ҳазорон ҷойи нави кор мусоидат намуда, чандин маротиба бештар фоидаи соф меорад. Коркарди ниҳоии пашму пӯст ҳам барои миллати мо бегона нест, дар ин самт таҷрибаи фаровон дорем ва бо қолинбофию намадбофӣ, гилембофии дастӣ ва қароқўлпарварӣ машҳур будани тоҷикон худ аз ин гувоҳӣ медиҳад»,-изҳори назар кард доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ.
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки қадимтарин маркази тамаддуни миллии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, таҷлил гардид. Дар мавзеъҳои кофтукови бостоншиносӣ бештар пораҳои зарфҳои сангин, сафолин, чӯбину мисин пайдо шудаанд. Аз натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки гузаштагони мо ҳанӯз 5500 сол муқаддам дар истеҳсоли металлгудозӣ, кулолгарӣ, меъморӣ ва дигар намудҳои касбу ҳунар чирадасту мумтоз будаанд.
Бахши истеҳсоли зарф ё худ кулолгарӣ ҳам метавонад ба самти рушд кардаи соҳаи саноат табдил ёбад. Ин намуди фаъолият қаблан рӯ ба тараққӣ ниҳода, дар шаҳри Турсунзода зарфҳои чинӣ, дар шаҳри Исфара зарфҳои сафолӣ, дар шаҳри Хуҷанд зарфҳои сирдор истеҳсол мешуданд. Бояд гуфт, ки бахши зарфсозӣ аз сафолу чинӣ ва шишаю металл дар мамлакати мо бартариҳои худро дорад, ки он, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ вобаста аст. Асбобу анҷоми рӯзгор дар ҳама давру замон серхаридортарин мол мебошад. Дар ин радиф равнақу ривоҷ додани кулолгарӣ ҳам хеле муҳим мебошад. Мусаллам аст, ки имрӯзҳо шаҳрвандон ба ҳайси армуғон ва барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рӯзгори худ асосан маҳсулоти чинивории истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чинро харидорӣ менамоянд, ки бинобар моли воридотӣ буданаш нархаш аз арзиши аслиаш бештар аст.
Ватани маҳбуби мо, ки бештар аз 90 фоизи масоҳаташро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, олами ғании набототу ҳайвонот дорад. Аммо на ҳамаи дарахтони ҷангалзори мо барои коркарди ниҳоии чӯб мувофиқ мебошанд. Аз ин рӯ, бахши коркарди чӯб, аниқтараш мебелсозӣ ва истеҳсоли ашёи чӯбин аксар вақт аз ҳисоби ашёи хоми воридотӣ роҳандозӣ мешавад. Вале таҷрибаи косибону ҳунармандон нишон медиҳад, ки аз чӯби дарахти бед, сафедор, сарв, тут, зардолу, чормағз, чанор ва ғайра низ даҳҳо намуд мол истеҳсол кардан мумкин аст. Илова бар ин, солҳои охир ба ҳайси дарахти ороишӣ ва сояафкан парвариш намудани чандин навъи дарахтҳои ба истилоҳ «русӣ», мутобиқати онҳо ба табиати маҳал ва нашъунамои хубашон нишон медиҳад, ки тавассути бунёди ҷангалзори сунъӣ аз ҳисоби чунин дарахтон ва дарахтони маҳаллии барои коркарди ниҳоии чӯб мувофиқ бахши мазкурро ба маротиб рушд бахшидан имконпазир мебошад. Албатта, татбиқи ин иқдом муҳлати муайян талаб менамояд, вале кори иҷрошуданист. Дар ин радиф дигар боигариҳои табиат, аз ҷумла тухм, реша, мева ва баргу пояи гиёҳҳои давоиро метавон баъди коркард ба ҳайси консерваю нӯшоба ва дорую дармон ба мизоҷон пешниҳод кард. Бахши мазкур ҳам барои ба қисми манфиатовару сердаромади соҳаи саноати сабук табдил ёфтан имконияти васеъ дорад.
Ба шарофати соҳибистиқлолии Ватанамон соҳаи истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишӣ дар иқтисодиёти мамлакат мақоми шоиста пайдо кард. Захираи фаровони фулузот ва сангҳои нодир ба ҳайси ашёи хом имкон медиҳад, ки бахши заргарӣ, истеҳсоли маснуоти ороишӣ ва армуғонҳои ҷашнӣ низ чун қисми таркибии соҳаи саноати сабук рӯ ба тараққӣ орад. Солҳои охир, аз ҷумла дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт низ иқдомҳои шоиста рӯи кор омада истодаанд.
«Бо вуҷуди он ки дар самти рушду тараққӣ додани соҳаи саноати сабук иҷрои корҳои бузург ҳанӯз дар пешанд, пешравиҳои то ин дам ба даст омадаро нодида гирифтан нашояд. Мувофиқи маълумот, давоми 7 соли охир дар доираи сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат 49 адад корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо теъдоди умумии 7 ҳазору 800 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ якчанд корхонаҳои нави соҳа ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки соҳаи саноати сабук дар Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад ва саноатикунонии босуръат ба рушду нумӯи бемайлони он ҳамаҷиҳата мусоидат хоҳад кард»,-гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ.