Хоруғ: Нисбат ба 30 нафар соҳибкорон барои риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор санади маъмурӣ тартиб дода шуд

Октябрь 23, 2020 15:42

ХОРУҒ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони қисми 16-уми Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади ошкор ва ислоҳ кардани баъзе мушкилиҳои вобаста ба бехатарӣ аз сӯхтор  дар бозори марказӣ машқи тактикӣ доир намуданд.

Мошинҳои махсуси хадамоти мазкур ба маҳали машқи тактикӣ, воқеъ дар бозори марказӣ сари вақт расиданд. Ронандагон роҳро барои мошинҳои махсус холӣ карда, ба ҳаракати онҳо халал ворид намекарданд.

Нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят ҳар монеаро аз пеши мошинҳои махсуси оташнишонӣ бартараф мекарданд, то онҳо ҳарчӣ зудтар ба маҳали ҳодиса расанд. Аммо мошинҳо дар бозори марказӣ дар ҳар қадам ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешуданд. Роҳро то бозори марказӣ, ки  каме бештар аз 3 километр аст, давоми панҷ дақиқа тай карданд, вале  то ҷои «сӯхтор» дар бозори марказӣ, ки  камтар аз 30 метр буд, баъди 48 дақиқа расиданд. Зеро соҳибкорон тамоми даромадгоҳу баромадгоҳро  бо дӯконҳои худсохт  банд карда буданд ва ба кормандони хадамоти оташнишонӣ зарур омад, ки вақти бештарашонро барои аз сари роҳ бардоштани молу колои соҳибкорон сарф кунанд. Соҳибкорон эрод мегирифтанд, ки чаро моро сари вақт огоҳ накардед, дар ҳоле ки  сӯхтор метавонад ҳар лаҳза ва бе огоҳӣ  рух диҳад.

Ба гуфтаи сардори қисми 16-уми Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Хоруғ Убайди Гулаёз,  “мо ҳамарӯза  соҳибкорони ин бозорро ҳушдор медодем,  ки роҳи мошингузарро банд накунанд, зеро ин бар зарари худи онҳост. Дар панҷ соли охир дар ин бозор се сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар аз соҳибкорон хисороти зиёди молӣ диданд. Бисёр соҳибкорон пас аз ин сӯхтор муфлис шуданд. Аммо дида мешавад, ки тоҷирон аз ин ҳодисаҳо хулосаи зарурӣ набаровардаанд”.

Сардори қисми 16-уми Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Хоруғ гуфт, ки дар ин рӯз нисбат ба 30 нафар  соҳибкорон барои риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор санади маъмурӣ тартиб дода, 20 фурӯшгоҳро барои мутобиқ набудани ноқилҳои барқӣ ба меъёри тасдиқшуда аз манбаи асосии неруи барқ ҷудо намуданд. Зеро бо фаро расидани фасли сармо истифода аз бухориҳои барқӣ шурӯъ мешавад ва агар вазъи ноқилҳои барқӣ чунин бошад, пас сар задани сӯхтор аз эҳтимол дур нест.

 

 

Октябрь 23, 2020 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад