ИНТИХОБОТ — МАЪРАКАИ МУҲИМИ ТАҚДИРСОЗ. Андешаҳои Сардори Раёсати МТС Зубайдулло Давлатов перомуни масъалаҳои ҳуқуқи шаҳрвандон дар интихоботи президентӣ

Октябрь 2, 2020 10:57

ДУШАНБЕ, 02.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз  чанд рӯз дар кишварамон маъракаи муҳимми сиёсӣ–интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Интихобот худ падидаи демократӣ, воқеаи муҳимми сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи давлатамонро муайян мекунад.  

Сардори Раёсати  Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ перомуни масъалаҳои ҳуқуқи шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назари хешро  дар суҳбат бо  АМИТ «Ховар» баён намуд.

 -Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, ҳамчунин, барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф асосҳои ҳуқуқиро муҳайё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад, — зикр намуд З. Давлатов.- Маҳз ҳамин кафолатҳои ҳуқуқӣ яке аз нишонаҳои асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд дар самти таъмин намудани ифодаи ихтиёрии иродаи халқ вақти баргузории интихобот мебошад.

Кафолатҳои ҳуқуқӣ имкон медиҳанд, ки миёни субъектҳои раванди интихобот ва иштирокчиёни ин маъракаи муҳимми сиёсӣ барои баҳсу муколамаҳои созанда ва изҳори ифодаи мақсаду мароми онҳо фазои орому озод ва имкониятҳои баробар фароҳам оварда шаванд.

Бисёр муҳиму мубрам  аст, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқи қонунии худ истифода намуда, аз райъи онҳо вобаста будани тақдири ояндаи давлат, миллат ва ҳар як шаҳрвандро эҳсос намоянд ва масъулиятро дар бобати амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии худ дарк кунанд.

Иштирокчиёни интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ мубрамият ва аҳамияти маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тақдири ояндаи давлату миллат дуруст дарк намуда, фаъолияти худро танҳо дар доираи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат ба роҳ монанд.

Дар шароити давлати ҳуқуқбунёди демократӣ тамоми субъектҳои раванди интихобот бояд муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар фаъолият намудани комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод барпо гардидани интихобот тадбирҳо андешанд ва амалӣ намоянд.

Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ бо роҳи ифодаи райъи онҳо дар интихобот ва райъпурсиҳо амалӣ мегардад. Маҳз барои ҳамин кафолатҳою шаклҳои амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии мазкур як қатор ҳуқуқҳои дигар: ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан, ҳуқуқи иштирок намудан дар райъпурсӣ, ҳуқуқи дастрасии баробар ба хизмати давлатӣ ва ҳуқуқи иштирок дар барқарории адолати судӣ мебошад.

Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи корҳои давлат ба шаҳрвандони мамлакат тааллуқ дорад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа дар интихобот ва райъпурсиҳо овоз дода наметавонанд, барои онҳо хизмати давлатӣ дастрас нест. Ин ҳуқуқ бори аввал дар давраи инқилоби буржуазии асри XVII, дертар дар асри XX дар санадҳои асосии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон таҳким ёфт. Чунончи, мутобиқи моддаи 21-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Ҳар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд. Ҳар як инсон дар кишвари худ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад». Иродаи халқ дар асоси муқаррароти санади мазкури байналмилалӣ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад. Он дар интихоботи даврӣ ва ғайриқалбакӣ, ки бояд бо умумӣ ва баробар будани ҳуқуқи интихоботӣ бо роҳи овоздиҳии пинҳонии таъминкунандаи озодии овоздиҳӣ гузаронида мешавад, ифода меёбад.

Мутобиқи моддаи 25-и Паймони байналмилалӣ «Ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъизи дар моддаи 2 зикршуда ва бидуни маҳдудиятҳои беасос ҳуқуқ ва имкониятҳои зеринро дошта бошад:

  • Дар пешбурди корҳои давлатӣ, чи бевосита ва чи ба воситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда, ширкат намояд;
  • Дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пӯшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, иштирок намояд ва интихоб шавад;
  • Дар кишвари худ аз имконияти умумии баробар ба хизмати давлатӣ истифода намояд».

Ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок кардан дар идораи корҳои давлат дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳким бахшида шудааст: «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёди сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд» (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27).

Иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат ҳуқуқи муҳимми сиёсӣ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (1998) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.

Яке аз шаклҳои асосии ифодаи иродаи халқ ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад. Иштироки шахсии шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба андозаи баробар чун тавассути намояндагони интихобкардаи онҳо ифодаи соҳибихтиёрии халқ ва шакли амалишавии принсипи ҳокимияти халқӣ аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шудааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосити ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд» (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 6).

Дар Тоҷикистон шаҳрвандон ҳуқуқҳои асосии зерини интихоботӣ доранд:

  • Ҳуқуқи интихоб кардан (ибрози озодона ва масъулиятшиносонаи ирода дар интихобот ва райъпурсӣ);
  • Ҳуқуқи интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
  • Ҳуқуқи аз ҷониби интихобкунандагон бозхонд шудани ашхосе, ки ба онҳо нобоварӣ изҳор гардидааст;

Дар тамоми ҷаҳон шакли аз ҳама оммавии иштироки одамон дар идораи корҳои давлат ва ҷомеа интихоботҳо ва райъпурсиҳо мебошанд.

Усули муҳимтарини ташаккули мақомоти ҳокимият бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ интихобот ба шумор меравад. Интихобкунанда субъекти ҳуқуқи интихоботии фаъол аст. Ҳар як интихобкунанда метавонад дар интихоботҳо аз ҳуқуқи худ истифода намояд. Интихобкунанда ҳуқуқ дорад дар интихоботи Президент, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштирок намояд. Одамон ҳамчун интихобкунанда дар интихоби мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, сарварони сиёсӣ ва роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намоянд. Аз ин ҳуқуқ шахсоне маҳруманд, ки бо ҳукми суд чунин ҳуқуқро аз даст додаанд ва ё гирифтори касалиҳои рӯҳӣ мебошанд. Мутобиқ ба қонунгузории интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванде, ки ба синни ҳаждаҳ расидааст,  дорои ҳуқуқи интихоботӣ мегардад.

Дар сиёсати дохилии давлат интихобот унсури асосӣ буда, дар таҳавул ва пешрафти ҷомеа мақоми фаъол дорад. Тамоми давлатҳои ҷаҳон аз интихобот истифода менамоянд. Дар кишварҳои олам шаклҳои гуногуни интихобот истифода мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз интихоботҳои сатҳи гуногун истифода менамояд. Дар ҷомеаҳои демократӣ интихобот дар сатҳи гуногун, дар шаклҳои гуногун васеъ истифода мешавад. Интихобот хоси соҳаи алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ нест ва ҳамаи унсурҳои таркибии ҷамъият, объекту субъектҳои онро фаро мегирад.

Агар равандҳои сиёсии ҳаёти ҷомеа аз тарафи шаҳрвандон дуруст дарк шаванд, он гоҳ ҳар як интихобкунанда масъулияти шахсии худро барои амалӣ намудани ҳуқуқи интихобиаш дарк намуда, ба таври фаъол ва бевосита аз он истифода менамояд. Баъзан мафҳумҳои интихобот, овоздиҳӣ ва райъпурсиро айни як чиз мешуморанд, ки фаҳмиши хатост. Бояд гуфт, ки райъпурсӣ ва овоздиҳӣ дар сатҳи интихобот қарор надоранд. Онҳо унсурони раванди интихобот мебошанд, аммо худи интихобот раванди мунтазам ва даврагӣ буда, дар он мақомоти давлатӣ интихоб мегардад ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардидааст. Шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда манбаи ҳокимият будани халқро исбот менамоянд. Маҳз дар интихобот соҳибихтиёрии шаҳрванд муайян мегардад. Дар раванди иштирок дар интихобот бояд касе ба интихобкунанда фишор наоварад. Ҳуқуқи интихобкунанда навъи беҳтарини таҷассуми ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст. Ба воситаи интихобот системаи сиёсии ҷомеа ташаккул дода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори интихоботи демократӣ ва ба таври озоду шаффоф гузаштани он мебошад. Барои дар чунин сатҳ багузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ, таҷрибаи кофӣ ва фазои мусоиди сиёсӣ мавҷуданд.

Боварии комил дорем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги баланди сиёсӣ нишон дода, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Октябрь 2, 2020 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»