ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар мамлакат ба охир расид

Октябрь 11, 2020 20:45

ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар мамлакат  хотима ёфт. Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пагоҳ, 12 октябри  соли 2020 эълон карда мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии ТоҷикистонБахтиёр Худоёрзода иттилоъ дод.

Интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон аз соати 6-и субҳ то 20:00  шаффоф ва ошкоро гузашт. Иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 159 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз  Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Иқтисодӣ,   Созмони ҳамкории Шанхай,  Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Маҷлиси байнипарлумонии Россияву Беларус, сафоратхонаҳои  муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой, Штатҳои Мутаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Япония, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Туркманистон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Украина ва 15108  нафар мушоҳидони миллӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад.

Баъди соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расид ва комиссияҳои участкавӣ ба ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон шурӯъ менамоянд. Натиҷаи ҷамъбасти интихобот бо протоколи комиссияи участкавӣ ба расмият дароварда шуда, ба комиссияҳои ҳавзавӣ ирсол карда мешаванд.

Натиҷаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ соати 10:00 эълон карда хоҳанд шуд.

Октябрь 11, 2020 20:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон