Кишоварзони Ёвон ба корхонаҳои коркарди пахта 18 ҳазору 800 тонна «тиллои сафед» супориданд
ЁВОН, 21.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. То 20 октябри имсол кишоварзони ноҳияи Ёвон ба корхонаҳои коркард ва қабули пахта 18 ҳазору 800 тонна пахта супоридаанд, ки ин ба 75,5 фоизи дурнамо баробар буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 18-сентнериро ташкил медиҳад. Дар ин бора намояндаи Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон Усмон Ятимов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.
Дар ноҳия то 20 октябр 1500 гектар замин шудгор гардида, дар майдони 1100 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он 204 гектар пиёз, 40 гектар сабзӣ, 20 гектар карам ва 350 гектараш гандум мебошад.
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар нуҳ моҳи имсол 862,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз он 658 миллиону 388,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби растанипарварӣ ва 203 миллион у 671,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби чорводорӣ мебошад.
Ҳамчунин тайи нуҳ моҳ дар ноҳияи Ёвон ба маблағи 1 миллиарду 117 миллиону 988 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 28 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент» 265 ҳазору 70 тонна ва «Ҷунгтсай Моҳир семент» 143 ҳазору 990 тонна сементро ба маблағи умумии 17 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ содирот намудаанд.
Дар назар аст, ки дар оянда аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат» содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои таҳпӯши кӯдакона ва аз фабрикаи мурғпарварии «Беҳамто» содироти қаноти мурғ ба роҳ монда шавад.








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






