Маҷмӯаи иқтибосҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат» нашр шуд

Октябрь 14, 2020 14:31

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Китоби нав зери унвони «Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор ёфт, — гуфт роҳбари лоиҳаи Фонди адабии Садриддин Айнӣ Эраҷ Айнӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Мураттибони маҷмӯаи иқтибосҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нуралӣ Нурзод ва Зафар Саидзода мебошанд.

Маҷмӯа аз дебоча ва 12 боб иборат аст: «Тоҷикистони соҳибистиқлол — гаҳвораи ҳастии мо», «Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ», «Муқаддасоти  миллӣ», «Ваҳдати миллӣ», «Забони мо — ҳастии мо», «Инсон ва ғояи созандаи  ӯ», «Ахлоқ ва тарбия», «Ситоиши зан — модар», «Ҷавонон — ояндаи миллат», «Тоҷикистон — Ватани Наврӯз», «Асри тиллоӣ» ва «Шахсиятҳои фаромӯшнашуданӣ».

Дар маҷмӯа иқтибосҳо аз суханрониҳо, мақолаҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои фарҳангию таърихӣ, ахлоқ ва тарбия, посдории забон, модар, Ватан ва рисолати ҳамзамонони мо оварда шудаанд.

Бояд зикр кард, ки дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ, мулоқоту суҳбатҳояшон бо халқ ва суханрониҳояш дар форумҳои байналмилалӣ бисёр фикрҳои ҷолиб ва оқилона иброз намудаанд.

Иқтибосҳои дар китоб гирдовардашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва худогоҳии ҷомеа, хусусан насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муфид ва муассир хоҳанд буд.

Октябрь 14, 2020 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад