Меҳргон — иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат ва натиҷаи заҳмати барзгарон

Октябрь 18, 2020 09:17

ДУШАНБЕ, 18.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми мо маҳсуб ёфта, ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, натиҷаи заҳмати барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил онро таҷлил мекардаанд. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён дар ҳамоиши тантанавие, ки ба ифтихори Иди Меҳрон дар саҳни донишгоҳи мазкур сурат гирифт, изҳор дошт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» масъулини донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Зикр шуд, ки  бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнвораҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гаштаву дар байни мардум таҷлил мешаванд. Доир ба ҷашни Меҳргон низ Пешвои миллат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса изҳор менамоянд.

“Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст”- иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии Данғара ва илова намуд, ки яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат аст, ки мардум бо шукрона аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон либосҳои шинаму тоза ба бар карда, шодию хурсандӣ менамуданд. Онҳо дар ин ҷашн умеду шодӣ  мекарданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти кишоварзӣ фаровон гардад. Инчунин ба ин восита ғубори заҳмати кашидаи худро аз дил мебароварданд”.

Октябрь 18, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ