Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — Grand Slam Hungary бе иштироки паҳлавонони тоҷик сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 октябр дар шаҳри Будапешти Венгрия Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — Grand Slam Hungary бидуни варзишгарони тоҷик сурат мегирад. Тавре дар хабари қаблӣ иттилоъ дода будем, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд бояд Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг намояндагӣ мекарданд.
Вале, тавре аз Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, Комроншоҳи Устопириён бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ ба макони баргузории мусобиқа сафар карда натавонист. Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19 дар бадани мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, то дар мусобиқа иштирок кунад. Ҳамин тавр аввалин мусобиқа оид ба дзюдо баъд аз эҳёи рақобатҳо аз намуди дзюдо бе иштироки паҳлавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар Гранд Слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.
Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд сламро рӯйдоди таърихӣ хондааст.
Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13 декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад. Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






