Мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дар Хоруғ анҷом ёфт
ХОРУҒ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни наврасону ҷавонон даври вилоятии мусобиқа аз намуди шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор гардид.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилоят хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 25 нафар шоҳмотбози беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Азиз Айдармамадов гуфт, ки “пас аз таъсиси дарси шоҳмот дар муассисаҳои таълимии вилоят ин намуди варзиш давоми чанд соли охир дар байни кӯдакону наврасон ҳаводорони зиёд пайдо кард. Ба сабаби зиёд будани теъдоди шоҳмотбозон бо пешниҳоди ҳайати доварон онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардем. Ба гурӯҳи аввал шоҳмотбозони касбӣ шомил шуданд ва ба гурӯҳи дуюм наврасоне, ки ҳамагӣ чанд моҳ инҷониб ба бозии шоҳмот машғул ҳастанд. Барои ин гурӯҳи наврасон ширкат дар чунин мусобиқаи бонуфуз мояи ифтихор аст ва умедворем, ки дар оянда аз байни онҳо шоҳмотбозони муваффақ пайдо хоҳанд шуд”.
Мусобиқаи мазкур бо пирӯзии 12 нафар шоҳмотбоз ба поён расид. Акнун ғолибон ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар арафаи Рӯзи Президент дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






