Панҷ паҳлавони шинохтаи тоҷик дар Grand Slam Hungary 2020 иштирок мекунанд

Октябрь 9, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии дзюдо баргузории Мусобиқаи Гранд слами Венгрияро 23-25 октябр дар шаҳри Будапешт тасдиқ кард. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин мусобиқаи сатҳи баланд   5 нафар паҳлавонони шинохта- Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ба  шаҳри  Будапешти  давлати  Венгрия сафарбар хоҳанд шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер гуфтааст: «Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони дзюдо  ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта, бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва инро бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии дзюдо  нишон диҳем. Мо ҳамаи кореро, ки бар уҳдаамон аст, иҷро мекунем, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз карда, ҳунарашонро нишон диҳанд».

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқаи Гранд слами Будапешт 649 варзишгар аз 81 давлат иштирок хоҳанд кард.

Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13  декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад.  Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.

Октябрь 9, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт