ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲАВВУЛОТИ МАДАНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои академик Абдуҷаббор Раҳмонзода

Октябрь 6, 2020 10:37

ДУШАНБЕ, 06.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ватани азизи мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29-умин солгарди истиқлоли худро таҷлил намуд, ҳамчун давлати муосири мутамаддин дар арсаи ҷаҳон на танҳо эътироф шуд, балки бо дастовардҳои назарраси ду даҳсолаи охири худ мавқеи шоистаро соҳиб гардид. Ин раванди таърихии бозофарии давлатдории навин, барқарории иқтисодию иҷтимоӣ ва эҳёи миллӣ, бешак, ба саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои ватандӯстона ин абармарди дунёи сиёсат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон консепсияи таҳаввулоти маданиро ҳамчун воситаи расидан ба давлатофаринӣ интихоб карда, онро давра ба давра дар ҷомеаи Тоҷикистон амалӣ намуданд.

Мафҳуми «таҳаввулоти маданӣ» дар таърихи миллатҳо раванде фаҳмида мешавад, ки дар тӯли он шароити иҷтимоӣ ва меъёрҳои муносибати маърифативу фарҳангӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, дар ҷомеа шеваҳои муосири зиндагӣ, арзишҳои неку созанда ва тафаккури пешқадам ташаккул меёбад. Истилоҳи мазкур гузариши амиқи иҷтимоиву маданӣ ва баромадан ба зинаи нави беҳзистӣ ва дурустандеширо ифода карда, тамоми ҷанбаҳои ҳаёт — аз зиндагии моддӣ то арзишҳои маънавиро фарогир мешавад.

Назарияи «таҳаввулоти маданӣ» аз ҷониби як қатор муҳаққиқони ҷомеашинос, аз ҷумла Алекс Масуди ва Роналд Инглхарт таҳқиқ гардида, яке аз омилҳои навсозии тафаккури инсон ва мутобиқшавии он ба давру замон дониста мешавад. Ба ин масъала олимони фарҳангшинос ва сиёсатшиносони тоҷик низ дахл карда, онро дар ташаккули ҷаҳонбинии шахс, тавоноии зеҳни ӯ ва боло рафтани фарҳангу маданияти одамон муҳим мешуморанд. Боиси тазаккур аст, ки дар таърихи инсоният маҳз таҳаввулоти маданӣ, ки аз ҷониби шахсиятҳои муайян ва ё ҷараёну мактабҳои фикрии алоҳида амалӣ карда шудаанд, сабабгори рушди ҳамаҷонибаи кишвару миллатҳои мушаххас гардидаанд. Кофист, ки аз натиҷаҳои ҳаракати маорифпарварони асри XVIII дар Фаронса, ислоҳоти мадании Пётри I дар Россия, инқилобҳои маданӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё Чин ёдовар шавем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баракати истиқлол ва ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода ва амалӣ гардидани ин таҷрибаи пешқадам оғоз гардид ва дар ҳама соҳаҳо ислоҳоти маданӣ шурӯъ шуда, то ба имрӯз бо суръати баланд идома дорад.

Дар ин росто Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустиву фарҳанг, саноату энергетика, роҳу коммуникатсия ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода, садҳо муассисаҳои нави таълимӣ, фарҳангиву тандурустӣ, даҳҳо корхонаҳои хурду бузург ва роҳҳои байналмилаливу нақбу пулҳои пуриқтидорро бунёд намуд. Махсусан, дар низоми таҳсилот ислоҳот ҷорӣ гардида, ба рушди илму инноватсия асос гузошта шуд. Фарҳанг ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат дастгирӣ ёфта, анъанаҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд. Касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ рушд карда, новобаста ба синну сол одамон ба ин ҷода рағбат пайдо намуданд. Ҳамзамон, барои дар давраи то ҳафт соли оянда ба касбомӯзӣ ҷалб кардани тамоми афроди бекасб заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Инчунин, барои табибон, ҳамшираҳои шафқат ва худи беморон шароити муносиб муҳайё шуда, дар ин самт технологияи наву замонавӣ ворид гардиданд, ки ин ҳама ба ташаккули тафаккури техникии мутахассисони соҳа мусоидат намуданд.

Дар дигар бахшҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат низ чунин тадбирҳо роҳандозӣ шуда, ин раванд бо маром идома дорад. Амалҳои мазкур ва саривақтӣ шароити кору фаъолияти ҳамватанони моро беҳтар карда, шуури онҳоро ба куллӣ тағйир дод. Ҳамзамон, ин раванд ба завқи зебоипарастӣ ва боло рафтани маданияти шаҳрвандон таъсир расонида, дар баробари ин, имкон фароҳам овард, ки одамон бо технологияи муосир ошно шаванд, барои корбарии таҷҳизоти нав бозомӯзӣ кунанд ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии худро таҳким бахшанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи охир мамлакатро аз буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ раҳо бахшида, вазъи иҷтимоиро ба куллӣ тағйир доданд, навсозиро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба роҳ монда, ҳадафҳои авлавиятдоштаро муайян ва барои расидан ба кишвари маданӣ роҳи васеъ кушоданд.

Омилҳои мазкур ин раванди босуръатро такон бахшида, обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон боло бурданд. Агар аз ҳамин ҷиҳат ба ҷаҳишҳои маданиву маънавии ҷаҳонбинии аҳолии кишвар назар афканем, мебинем, ки таҳаввулоти маданӣ дар ин давра ба якчанд омили сарнавиштсоз вобастагӣ дорад, ки ҳар яке аз онҳо бо муҳтавои худ ба мафкура ва андешаи сокинони кишвар таъсири амиқ расонида, ба рушди босуръат асос гузоштаанд.

Омили якум бо қабули ҳадафҳои афзалиятноки кишвар, стратегияи миллии рушд ва таҳкими раванди азнавсозии соҳаҳои иҷтимоӣ алоқаманд мебошад. Вобаста ба ин, Ҳукумат як қатор тадбирҳоеро амалӣ намуд, ки ҳар яки он рушди устувори иқтисоди миллиро дар мамлакат таъмин карда, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодиро дигаргун сохтанд. Қабул гардидани се ҳадафи стратегӣ ва аз соли гузашта ҳамроҳ шудани ҳадафи чаҳорум, яъне саноатикунонии босуръати кишвар чораҳое буданд, ки зербинои иқтисоди миллиро устувор карданд ва раванди созандагиву бунёдкориро такони ҷиддӣ бахшиданд. Бо амалӣ шудани истиқлоли энергетикии кишвар на танҳо аҳолӣ ба барқи доимию бетаваққуф таъмин шуд, балки барои бунёди корхонаҳои хурду миёна, иншооти иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори дигар мусоидат кард. Бояд ёдовар шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун истеҳсолкунандаи барқи аз лиҳози экологӣ тоза эътироф намуд. Муҳимтар аз ҳама, ду агрегати бузургтарини Неругоҳи барқи обии Роғун ва даҳҳо иншооти ёрирасони он сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ин васила ва бо бунёди нақбҳову роҳҳо қувваи фаъоли коргари замони нав ташаккул ёфт ва муҳандисону нақбканони маҳаллӣ ба воя расида, истифодаи даҳҳо навъи техникаву технологияи муосир ба роҳ монда шуд. Ин ҷаҳиши сифатӣ мафкураи коргаронро дигар карда, ба рушди ҷаҳонбинии онҳо таъсири мусбат расонд.

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳадафи дурбинона ва хирадмандонае буд, ки минтақаҳои солҳои сол дар фасли сармо роҳнадоштаро вориди масири шоҳроҳҳои замонавӣ гардонд ва рафтуомад дар чаҳор фасли сол фароҳам омад. Аз ин имконоти мусоид истифода карда, шаҳрвандони кишвар ба маҳалҳои ҳамдигар рафтуомад намуда, ошноии онҳо ба шароиту зиндагии якдигар афзун мегардад. Муҳимтар аз ҳама, шоҳроҳҳо ҷумҳурии моро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пайванд карда, равобити байниҳамдигарии нақлиёти транзитиро дар дохил ва хориҷи мамлакат таъмин месозанд. Ин маданияти одамонро тағйир дод, барои рушди сайёҳӣ пояҳои устувор гузошт ва шиносоии кишвари мо ба ҷаҳониён тавассути сайёҳон бештар гардид.

Роҳ ба мисли шарёни рагҳои дил мебошад, он, инчунин ба пойдории ҷомеа асос гузошта, маҳалҳоро ба ҳам наздик ва барои пайванди хешутаборӣ ва шиносоӣ ба урфу одати якдигар замина муҳайё сохт. Ҳамзамон, барои ба забони адабӣ гуфтугӯ кардани ҳамватанон ва дурӣ ҷустан аз шеваҳои маҳаллӣ роҳи восеъ боз намуд. Аз ин бештар, роҳҳо барои халқи воҳид шудан, талқини ҳувияти миллӣ мусоидат намуда, моро бо ҳам наздику қарин сохт. Ба ибораи дигар, бунёди роҳҳо ва пулҳои дорои аҳамияти маҳаллию миллӣ ва байналмилалӣ, ки бо иқдоми Пешвои миллат сурат гирифт, ба робитаҳои устувори сокинони минтақаҳои кишвар мусоидат намуда, ба мардум имконият дод, ки умумияту ягонагии худро дар тамоми самтҳо, хоссатан дар самти тақвияти забони адабӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ, таҳким бахшанд.

Омили дувуми таҳаввулоти маданӣ ба қабули Амри Президенти мамлакат ба муносибати 30-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободу зебо гардондани маҳалҳои зист, деҳот, шаҳрак, шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоятҳо вобаста буда, то ба имрӯз вусъати тоза касб кардааст. Бо ин ташаббуси ватанпарваронаи Сарвари давлат корҳои ободонӣ ба маротиб боло рафта, зиёда аз 12 ҳазор иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат бунёд мегарданд. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ садҳо муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ, қасрҳои зебои фарҳангӣ, китобхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои тиҷоративу савдо, корхонаҳои хурду миёна сохта шуданд, ки ҳар яке симои шаҳру ноҳияҳоро ба пуррагӣ ба маънии мусбаташ дигаргун гардондаанд.

Мардум ин пешниҳоди Роҳбари хирадмандро ба хубӣ пуштибонӣ намуда, намояндагони табақаҳои гуногун аз он дастгирӣ карданд ва дар пайи сохтмонҳои замонавӣ шуда, садҳо биноҳои хуштарҳро бунёд намуданд. Баробари ин таъмиру тармими роҳҳо оғоз шуда, садҳо километр роҳҳои мумфаршро соҳибкорон ва шахсони саховатпеша эҳё карданд. Иддаи дигар ба кандани чоҳҳои об, овардани хатҳои нави оби нӯшокӣ машғул шуда, дар ин кори хайр саҳми босазо гузоштанд. Як зумра ҷавонмардон барои дигар кардани симои деҳаҳо ва маҳаллаҳои хеш кӯшиши зиёд ба харҷ доданд ва тамоми инфрасохтори онҳоро нав карданд. Дар баробари ин, баъзе сокинони кишвар хонаҳои бобоиро аз нав бо тарҳи замонавӣ сохтанд. Як қисми одамон ба гулпарварӣ, боғу токпарварӣ машғул шуда, садҳо гектар заминҳои кӯҳистонро ба боғҳои сермева табдил доданд ва кӯчаҳову растаҳоро ба гулистону чаманзор мубаддал сохтанд.

Ин корҳои ободонӣ ва созандагӣ, ки ташаббускораш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ҳамвора дар ҷараён буда, итминони комил дорем, ки то Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ бисёре аз маҳалҳо, шаҳру ноҳияҳо симои худро ба куллӣ тағйир медиҳанд ва ба шаҳраки намунавӣ табдил меёбанд. Дар заминаи чунин корҳои ҷавонмардона ва ватандӯстона кишвари мо ба як коргоҳи бузурги ободонӣ мубаддал гаштааст, ки онро метавон марҳалаи томи таҳаввулоти маданӣ номид. Дар ҳамин замина маркази бисёре аз ноҳияҳо навсозӣ гардида, сифатан тағйир ёфтанд. Маркази ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшони ВМКБ, Муъминобод, Балҷувон, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, Истиқлол ва Масчоҳи вилояти Суғд, Тоҷикобод ва Лахши ноияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳамин қабиланд.

Пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бошад, бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна ва инфрасохтори замонавӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳои зебову дилкаши худ ба як маркази бузургу тавонои маданӣ табдил ёфта, макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд қарор гирифтааст.

Ба ғайр аз ин, бо ташаббусҳои шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи охир шаҳракҳои наве ба монанди Дарбанди Нуробод, Ваҳдати Шуғнон, Меҳрони Масчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав бунёд гардиданд.

Дар воқеъ, Пешвои миллат на танҳо намунаи ибрати ин созандагиҳо мебошанд, балки ибтикороти фарзандони диёрамонро қадр карда, аз амалҳои шоистаи сокинони ватандӯсти кишвар истиқбол мекунанд. Вобаста ба ин Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Вусъат гирифтани раванди созандагӣ нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни аҳли ҷомеа мебошад. Зеро дар ин раванд шаҳрвандони кишвар сиёсати Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Мардуми заҳматқарини кишвар барои беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори деҳот ёрии амалӣ расонида, дар бунёди иншооти иҷтимоӣ — муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва таъмиру тармими роҳу пулҳо ва дигар ободгариҳо ҳиссаи сазовор доранд”.

Ин ташаббуси Роҳбари давлат мавқеи иҷтимоии ӯро дар миёни ҷомеа баланд бардошт. Ҳар як сокини кишвар медонад, ки маҳз ҳамин ибтикори созанда асос гардид, ки симои деҳа ва макони зисташон комилан тағйир ёфт ва зиндагӣ маҷрои худро дигар сохт. Садҳо ҷавонону занон ба ин васила соҳиби кор гардида, аз хонанишинии ночор раҳо ёфта, аз маҳсули заҳмат ва кору зиндагии хеш розӣ мебошанд ва шукри Сарвари ташаббускорашонро мекунанд.

Ҳамзамон, дар доираи ин супоришҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати ҳар як ноҳия, шаҳр ва вилояти кишвар мавриди амал қарор дорад. Дар ин барномаҳо рушди зерсохторҳои фарҳангӣ ва мадании ҳар шаҳраку деҳот низ пешбинӣ шудааст. Бо татбиқи ин лоиҳаҳои манфиатовар нуқтаҳои маданию маърифатӣ ва марказҳои фарҳангию истироҳатӣ, аз ҷумла китобхонаҳо, кохҳои фарҳанг, варзишгоҳҳо, иншооти маишӣ ва ғайра бозсозӣ, бунёд ва фаъол гардида, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шеваи нави зиндагии мардум нақши калидӣ бозида, дар таҳаввулоти маданӣ таъсири мусбат мерасонанд.

Омили дигари таҳаввулоти маданӣ ба рушди бесобиқаи илму маориф, санъату фарҳанг ва дастгирии ин самтҳои афзалиятнок алоқаманд мебошад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ ба ин соҳаҳо аҳаммияти ҷиддӣ дода, махсусан, дар ду даҳсолаи охир наврасону ҷавононро ба илмомӯзӣ, забономӯзӣ ва дуруст аз бар кардани нозукиҳои касби дӯстдоштаашон даъват мекунанд ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Барои амалӣ шудани ин ҳадафҳои созандаи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол рӯзи аввали моҳи сентябр бо устодону шогирдони муассисаҳои нави таълимӣ вохӯрӣ доир карда, пешрафт ва камбудиҳои самтҳо илму маорифро таҳлил намуда, барои рушди ин соҳаҳо дастурҳои мушаххас медиҳанд. Дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ низ баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ масъалаҳои асосии илму маорифро таъкид карда, ҷиҳати пешрафти самтҳои мазкур пешниҳодҳои наву муҳим манзур месозанд. Чунончи, дар Паёми соли гузашта таъкид карданд, ки «Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».

Сарвари хирадманди кишвар бо ин таъкидҳои оқилонаи худ наврасон ва ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва, инчунин, китобхонӣ даъват карда, муҳим будани ин амалҳои шоистаро барои ҷомеаи мо саривақтӣ медонанд.

Кишварҳое, ки дар баробари рушди иқтисоди миллӣ ба соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ додаанд, дар воқеъ, дар як муддати кӯтоҳ пеш рафта, дастовардҳояшон ҷолибу чашмрас мебошанд. Як омили рушди кишварҳои Осиё, аз ҷумла Сингапур, Филиппин, Малайзия дар ҳамин нукта аст. Мо низ чунин шароитро дорем, зеро бо иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳамасола дар ҷумҳурӣ то 300 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва даҳҳо марказҳои омӯзишӣ таъсис ёфта, бо таҷҳизоти муосиру замонавӣ таъмин мегарданд. Мақсади Сарвари давлат аз ин ташаббусҳои наҷиб аз он иборат аст, ки бояд мактабу маориф барои васеъ гардидани доираи дониши наврасон самаранок истифода гарданд ва манфиат ба бор оваранд.

Халқи мо аз қадим ҳунари баланди забономӯзӣ дошт ва ҳазорҳо сол пеш китобҳои зиёдеро аз забонҳои чинӣ, ҳиндӣ, суриёнӣ, юнонӣ, лотинӣ, арабӣ ва ғайраҳо тарҷума карда, шуҳрати оламгир пайдо намуда буд. Бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат барои бештар ҷалб намудани наврасон ба китобхонӣ, танҳо дар солҳои охир китобҳои зиёди адибони барҷаста, аз ҷумла Бародарон Гримм, Ганс Кристиан Андерсен, Шарл Пиеро, Ҷовани Родари, Ҷеймс Свифт, Александр Пушкин ва дигарон ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, бо нақшу мусаввараҳои ҷолиб ба чоп мерасанд. Ҳоло наврасоне пайдо шудаанд, ки бо ду ва ё се забони хориҷӣ ҳарф мезананд ва тарҷумонӣ мекунанд. Бояд кӯшиш кард, ки сафи чунин наврасон зиёд гарданд ва онҳо дар ҷомеа чун пайравони Пешвои миллат муаррифӣ шаванд. Дар ин кори муқаддас агар падару модар, мактаб ва ҷомеа дар ҳамкории зич фаъолият дошта бошанд, мо ин иқдоми Сарвари ватандӯсти худро ба таври комил татбиқ намуда метавонем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи кишварҳои мутараққиро ҷиҳати фарогирии илму технологияи муосир барои насли ҷавон бисёр муҳим мешуморанд. Роҳбари давлат ба ин хотир бо исрор таъкид месозанд, ки “имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”. Маҳз бо ҳамин мақсад бо дастури Сарвари оқилу доно азбарнамоии илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ тақвият ёфта, дар асоси ташаббуси шахсиашон солҳои 2020 -2040 солҳои омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар ҷумҳурӣ эълон гардида, дар роҳи расидан ба ҷомеаи бо технологияҳои навидорашаванда ва рушдкунанда қадамҳои устувор гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки то ба имрӯз дар кишвари мо тафаккури гуманитарӣ инкишоф меёфт ва ба таҳкими тафаккури техникӣ кам аҳаммият дода мешуд. Тафаккури техникӣ бошад, ба таҳия, эҷод ва истифодаи воситаҳои техникӣ ва равандҳои технологӣ нигаронида шуда, ҳадафи он боло бурдани маърифат ва дигаргунсозии табиат ва ҷомеа аз ҷониби инсон мебошад. Аз ин рӯ, пешниҳоди ин ғояи илмдӯстона дар бораи рушди тафаккури техникии насли наврас ва дар ин бобат қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз боғча сар карда, кӯдакон бо нозукиҳои фанҳои табиӣ ошно гарданд ва дар зинаҳои болоии таҳсилот на танҳо асолати ин фанҳо, балки моҳияти илмҳои дақиқу риёзӣ, табииву дунявӣ, техника ва технологияро омӯзанд. Дар ин замина насли ҷавон дар рӯҳияи дарки дурусти табиат ва кашфиёту ихтирооте, ки инсоният барои зиндагии осоиштаи худ мекунад, шинос мешавад ва ба навҷӯиҳое ноил мегардад, ки ҳар яки он дар оянда ба омили муассири раванди рушд дар кишвар табдил меёбанд.

Насле, ки имрӯзҳо дар Ватани маҳбубамон ба воя расида истодааст, қобилияти амалӣ кардани ин дастури саривақтии Сарвари давлатро дорад. Онҳо аз ҳама муҳим хуб ба воя расида истодаанд, ба қадри илму китоб мерасанд, завқи техникӣ доранд, бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои дигари иттилоотию иртиботӣ ба таври шоиста шинос мебошанд, аз уҳдаи ҳифзи маълумот мебароянд, истеъдоди кашф карданро доранд ва ихтироъкориро дӯст медоранд. Бо амалӣ гардидани ин ташаббуси созандаи Президенти мамлакат тафаккури техникӣ рушд карда, насли ба истилоҳ технократ пайдо мешавад.

Вақти он расидааст, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар мактабҳо, литсейҳо бояд клубҳои ихтироъкорони ҷавон аз нав таъсис ёбанд ва тарҳрезию моделсозӣ бо усулҳои муосир ва бо истифода аз технологияҳои нав ба роҳ монда шаванд. Тарҳрезию моделсозӣ қадами аввал ба сӯйи ихтироъкорӣ буда, барои бедор кардани завқу шуури техникии навраси ҷӯянда мусоидат мекунад ва ӯро водор месозад, ки барои кашфи таҷҳизот ё техникаи дӯстдоштааш талош намояд.

Солҳои охир пайдо шудани навовариҳо дар ихтирои тракторҳои хурд, аробачаҳои электронӣ барои маъюбон, кафедраҳои электронӣ, дронҳои баландпарвоз, таҷҳизоти ёрирасони тиббӣ ва кишоварзӣ аз ҷумлаи корҳои шогирдонаи ҷавонони тоҷик мебошанд. Аз рӯйи ин ташаббусҳо боварӣ ҳосил мешавад, ки дар миёни наврасону ҷавонони кишвари мо низ шахсони ихтироъкор ба воя расида истодаанд. Моро зарур аст, ки онҳоро дарёфт ва ҳавасманд карда, барояшон заминаи корҳои таҷрибавӣ муҳайё намоем, то ин ки дар самти мазкур орзуҳои неки худро амалӣ созанд.

Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, донишманди барҷастаи соҳаи сиёсатшиносӣ Роналд Инглхарт менависад, ки «таҳаввулоти маданӣ, пеш аз ҳама, ба прогресс ва рушди инсонӣ алоқаманд мебошад». Дар ҳақиқат, пешбарандаи ҳамаи ислоҳот инсон буда, ӯ бо ин мақсад сатҳи дониши худро боло мебарад, илмҳои муосирро меомӯзад ва ба ин восита ҷаҳонбинии худро васеъ месозад. Ин пайдарҳамӣ тадриҷан боиси таҳаввулоти маданӣ дар ҷомеа мегардад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин нуктаро ба роҳбарӣ гирифта, ба ташаккули зеҳнияти шаҳрвандони кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва ба рушди захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Бо ин ҳадаф Роҳбари давлат тибқи амри худ озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — ро таъсис доданд, ки ҳар яки он аллакай натиҷаҳои хуб ба бор овардаанд. Дастовардҳои наврасону ҷавононро ба инобат гирифта, Пешвои дурандеши мо имсол ҳам ин озмунҳоро дастгирӣ карда, доираи иштирокчиён ва миқдори маблағҳои мукофотҳоро барои онҳо ба маротиб боло бурданд. Рӯ овардан ба китоб, мутолиаи ахбори нав, фаъол гаштани ҷомеа дар ин самт ва баргузор намудани ду озмуни ҷумҳуриявӣ ба ташаккули таҳаввулоти маданӣ, барҳақ, мусоидат карданд.

Қадами бисёр муҳими дигар, ки боиси таҳаввулоти амиқи маданӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон шуд, танзими ҳуқуқии анъана ва ҷашну маросими миллӣ ба шумор меравад. Татбиқи ин барномаи чандсамтӣ боис гашт, ки бисёр масъалаҳои дорои аҳамияти миллию иҷтимоӣ ҳалли муносиби худро пайдо намоянд. Дар ин раванд, агар аз як тараф, расму оинҳо аз хурофоту боварҳои афзуда тоза шуда, мақому моҳияти маънавии онҳо эҳё гардида бошад, аз тарафи дигар, фарҳанги муосиру мадании иҷрои расму оинҳои миллӣ ва маишӣ низ ташаккул ёфт. Аммо муҳимтар аз ин, татбиқи консепсияи танзим тафаккури ақлониро дар ҷомеа рушд дода, ба вазъияти иҷтимоии зиндагии аҳолӣ таъсири бисёр мусбат гузошт. Дар натиҷа, мардум на танҳо аз зовияи фикрӣ, балки аз назари амалӣ низ имконият пайдо карданд, ки зарфияту дороиҳои худро ба ҳалли масъалаҳои маданию маърифатӣ, аз ҷумла таҳсили фарзандон, таъмини шароити маишии оила, таҷдиди хонаву зистгоҳ ва ободии кӯчаву маҳаллаҳои худ равона созанд. Ҳамин тавр, танзими ҳадафмандонаи анъана ва расму оинҳои миллӣ, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат амалӣ шуд, боиси таҳаввулоти амиқи маданӣ ва маърифатӣ дар ҷомеаи мо гашт.

Дигар аз заминаҳои ташаккули таҳаввули маданӣ ин боло рафтани асолати миллӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва дарки дурусти моҳияти ҳувияти миллӣ мебошад. Дар ин таъкид ҳувияти миллӣ на ҳамчун марзи маҳдудкунандаи пайвастшавӣ, балки ҳамчун пойгоҳи устувори ҳаракат ба сӯи дастовардҳои моддию маънавии ҷаҳони муосир маъно мегирад. Миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик, ки ҳувияти таърихан шаклгирифтаву устуворшуда дорад, дар як давраи таърихӣ аз ин арзишҳо дур монда, гирифтори буҳрони ба ҳувияти миллӣ зарбаовару осебпазир гардид. Барои бартарафсозии ин мушкилоти азим, таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи ҳадафманди эҳёи миллӣ таҳияву татбиқ шуданд, ки он дар шакли тақвияти мақоми муайянкунандаи забони тоҷикӣ, эҳёи ифтихор аз тамаддуни миллӣ, арзишҳои маънавӣ, ҷашнҳо ва расму оинҳо, фарҳангу мусиқӣ, либосу анъанаҳои рӯзгордорӣ, ахлоқу одоб ва ғайра ҷанбаҳои амалӣ гирифтанд. Ҳамин нуктаҳоро ба назар гирифта, Сарвари давлат таъкид месозанд, ки “Дар марҳалаи кунунӣ сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таъмини амнияти фарҳангии кишвар, таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, тавсеаи тафаккури созандаву бунёдгарона, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории сокинони мамлакат, яъне ба тақвияти ҳувияти миллӣ нигаронида шудааст, ки дар ин раванд нақши зиёиён бояд назаррас бошад. Вобаста ба ин, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам, ки фақат миллате, ки ба фарҳанги миллӣ эҳтиром мегузорад, ҳамеша ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳувияти миллиашро устувор менамояд ва собитқадамона пеш меравад”.

Дар ҳамин замина Пешвои миллат на танҳо ба рушди фарҳанги миллӣ асос гузоштанд, балки як қатор ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргонро аз нав зинда намуданд, ба рушди санъати мусиқии классикии “Шашмақом” ва санъати мардумии “Фалак” замина фароҳам оварданд ва як қатор расму оин ва маросимро аз нав зинда гардониданд. Дар ин самт, инчунин, бозшиносии шахсият ва таълимоти чеҳраҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, ки ҳам дар нигоҳдории ҳастии миллӣ ва ҳам дар муаррифии миллат дар сатҳи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург доранд, таъсири ҷиддӣ гузошт.

Дар маҷмӯъ, раванди эҳёи миллӣ зери роҳбарии Пешвои миллат боис шуд, ки имрӯз мардуми тоҷик пайванди устувори худро бо таъриху тамаддуни бузургаш барқарор карда, арзишҳои асил, ҳисси эътимоди миллӣ, эҳсоси соҳибтамаддунӣ ва ба таври умум, ифтихор аз ҳувияти миллиро дар сатҳи нав зинда намояд. Дар шароити давлатдории миллӣ идомаи ҳаракати огоҳона дар ин самт ҷавҳари ҳадафи ғоявии таҳаввулоти маданиро ташкил медиҳад.

Ин равандҳои созанда ва ташаббусҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар миёни халқ маҳбуб гардонидааст. Мардум ва аҳли зиёи кишвар ба ин абармарди дунёи сиёсату маърифат эътимоду боварӣ доранд, зеро вай дар замони роҳбарии хеш ҳар як амали хайр ва иқдомеро, ки пеша кардааст, онҳоро сарбаландона иҷро карда, Ватани маҳбубро аз вартаи парокандагӣ наҷот дода, дар як муддати кӯтоҳ онро ба як кишвари рӯ ба рушд табдил додааст. Инчунин, сатҳи маърифатии ҷомеаро боло бурда, дар татбиқи таҳаввулоти маданӣ нақши муассир бозидааст. Дар баробари ин, мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, халқи тоҷикро зафарманд намудааст.

Бовар дорем, ки номзадии ин шахсияти таърихӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони кишвар дастгирӣ ёфта, дар оянда барои рушди Ватани азизамон роҳи васеъ боз мегардад ва мо ба комёбиҳои ҳар чи бештару беҳтар мушарраф хоҳем гашт.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа, академики
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 6, 2020 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад
21-УМИ МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ПАЗИРОИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода
Нақши «дипломатияи фарҳангӣ» дар ташаккули симои мусбати давлат дар хориҷа назаррас аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад
ПИРЯХҲО-ҚИСМИ МУҲИМИ БИОСФЕРА ВА ОБЪЕКТИ ТАҲҚИҚОТИ ГЕОЭКОЛОГӢ. Андешаҳои дотсент Ҳаким Ғаюров дар ин маврид
НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ: АЗ ҶАШНИ МИЛЛӢ ТО БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва покию садоқат аст
Барои беҳтар намудани вазъи китобхонаҳо ва тарғиби бештари китоб чӣ тадбирҳо бояд андешид?
ПАЙДО ШУДА ДАР СУХАН МУҲАММАД ҒОИБ. Андешаҳо дар мавриди симои инсонии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб
«ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН…». Андешаҳо дар ҳошияи таъкидҳои Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
ПЕШВОИ МИЛЛАТИ НАВРӮЗ. Наврӯз чун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд
«ТОҶИКИСТОН-ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамдилӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқона – сипари боэътимод ба муқобили ҷаҳолат, хурофот ва хатару таҳдидҳои замон