Рустам Назарзода бо роҳбарони Намояндагии Байналмилалии Салиби Сурх ва ваколатдори Салиби Сурх дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари нави Намояндагии Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Анжелика Шопп ва роҳбари ваколатдори Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолини мулоқот кард.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омӯзиши кормандони воҳидҳои наҷоти Кумита ва ҳамкории минтақавиро баррасӣ карданд. Инчунин онҳо нақшаҳои амалиёти муштарак оид ба огоҳкунии барвақтии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва иҷрои санадҳои муштараки имзошударо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Рустам Назарзода ба хонум Анжелика Шопп дар бораи фаъолияти Кумита ва сохторҳои таркибии он иттилоъ дода, барои ҳамкории дуҷониба бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин номбурда ба Салиби Сурхи байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар пешгирӣ аз густариши коронавирус дар қаламрави Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Клаудия Аззолини ба роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои кори пурсамар ва ҳамкории самарабахш дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба корҳои ояндаи идораи наҷоти мамлакат комёбиҳо орзу кард.
Анжелика Шопп зикр намуд, ки дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим дар соҳаҳои идоракунии хатари офатҳои табиӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо роҳандозӣ мешаванд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






