Сироҷиддин Муҳриддин ва Такаюки Мияшита Ёддоштҳои табодулиро дар бораи Лоиҳаи бурсияҳои таҳсил имзо намуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита доир гардид.
Дар мулоқот масъалаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтироми муштарак табодули назар сурат гирифт. Ҳангоми суҳбат инчунин ҳамкории ду давлат дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 мавриди баррасӣ карор гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки Япония яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон буда, дар соҳаҳои мухталиф ҳамкории гуногунҷанба ба роҳ мондааст.
Ба зикри номбурда, саҳми Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон назаррас мебошад.
«Мо аз кумаки JICA дар соҳаи зерсохтор, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бозомӯзӣ ва рушди малакаҳо дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) сипосгузорем.
Таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки стратегияи рушди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. То имрӯз беш аз 2 ҳазору 250 нафар мутахассисон аз Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни омӯзишӣ дар Япония ширкат варзиданд. Аз соли 2009 инҷониб Лоиҳаи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи Барномаи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) тавассути баланд бардоштани иқтидори мутахассисони ҷавон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ҳуқуқ, иқтисод ва мудирият саҳми зиёд мегузорад.
Мояи хушнудист, ки шумораи стипендияҳо барои солҳои хониши 2020-2030 дар магистратура аз 7 ба 12 адад зиёд шуд. Мо ҷиҳати татбиқи минбаъдаи барномаҳои таълимӣ ва стипендия дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти стратегӣ, мудирият, муҳандисӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, навоварӣ, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, молия ва бонк, саноат, энергетика, тандурустӣ ва сайёҳӣ манфиатдорем»,-гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Дар анҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Такаюки Мияшита Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи Лоиҳаи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи Барномаи рушди захираҳои инсониро имзо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи навбатии «Кумаки грантии Япония барои рушди захираҳои инсонӣ», барои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи маориф бисёр муҳим мебошад.










Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд






