СММ ҳамла ба маркази таълимӣ дар Кобул ва идома ёфтани хушунатро дар саросари Афғонистон маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш раванди ҳаводиси Афғонистонро, ки дар чанд рӯзи охир дар он ҷо чандин ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифтанд ва ҳаёти даҳҳо нафарро рабуданд, бо изтироб назорат мекунад, менависад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти хабаргузории СММ.
Роҳбари СММ, аз ҷумла, ҳамларо ба маркази таълимии пойтахти Афғонистон- шаҳри Кобул, ки бар асари он 25 ғайринизомӣ, аксаран кӯдакон кушта шуданд, маҳкум кард. Зиёда аз 50 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҷангҷӯёни ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
«Дабири кулл хотиррасон мекунад, ки ҳамлаи бадқасдона ба аҳолии осоишта нақзи дағалонаи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона аст ва онро метавон ҳамчун ҷинояти ҳарбӣ номид. Онҳое, ки чунин ҷиноятҳоро содир мекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”, — зикр шудааст дар изҳороте, ки котиби матбуоти Дабири кулл — Стефан Дюжаррик аз номи ӯ пахш кардааст.
Аъзои Шӯрои Амнияти СММ низ ҳамларо ба маркази омӯзишӣ дар Кобул маҳкум карданд. Онҳо аз хушунатҳои бардавом, ки боиси марги шаҳрвандон мешаванд ва вазъи амниятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аъзои Шӯрои Амният аз даъвати Дабири кулл оид ба оташбаси фарогир дар давраи пандемияи COVID-19, ки онро дар қатъномаи 2532-и худ онҳо дастгирӣ карда буданд, ёдовар шуданд.
Аъзои Шӯрои Амният хотиррасон кардаанд, ки терроризм дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроти он яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошад. Ҳамлаҳои бадқасдона ба кӯдакон ва муассисаҳои таълимӣ — ҷинояти мудҳиш ва сазовори маҳкум шудан аст», — омадааст дар изҳороти Шӯрои Амният.
ДАР АКС: Кобул, Афғонистон. Акси Намояндагии СММ дар Афғонистон/ Фрешта Дун








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






