СУТ: Чӣ гуна метавон зидди зуком эм гирифт, то гирифтори коронавирус нашавӣ

Октябрь 7, 2020 11:57

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар/. Таъсири сироятёбии ҳамзамон аз зуком ва COVID-19 дар айни замон ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст, аммо возеҳ аст, ки имсол пешгирии зуком беш аз пеш муҳимтар аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Дафтари минтақавии Аврупоии СУТ, ки Тоҷикистон ба он шомил мебошад, эълом доштааст ва тамоми сокинони минтақаро хотиррасон намудааст, ки роҳи муассиртарини муҳофизат аз зуком эмгузаронӣ мебошад, аммо имсол, бо дарназардошти уфунати коронавирус, эмкунии зидди  зуком бояд дар шароити комилан бехатар сурат бигирад.

«Дар мавсими кунунӣ таъмини шароити бехатар ҳангоми эмкунии зидди зуком — бисёр вазифаи муҳим аст», — иброз дошт Ричард Пебоди, сардори шуъбаи патогенҳои ниҳоят хатарноки Дафтари Аврупоии СУТ.

Вай таъкид кард, ки кишварҳо метавонанд стратегияҳои мухталиф истифода намоянд, масалан, ташкили эмгузаронӣ дар мошин: ронанда ҳангоми убур аз назди бунгоҳи тиббӣ дасташро аз тирезаи мошин  дароз мекунад, бо ваксина эм мешавад ва ҳаракати худро идома медиҳад. Усули дигари эмгузаронӣ- ин ташкили клиникаҳои сайёр, хусусан дар деҳот мебошад. Аммо дар чунин ҳолатҳо нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ  дар байни одамоне, ки барои эмгузаронӣ дар навбат истодаанд, хеле муҳим аст. Инчунин табибон хотиррасон мекунанд, ки ҳангоми ба эмгузаронӣ рафтан пӯшидани ниқоб ва бо худ гирифтани маҳлули поккунандаро набояд фаромӯш кард.

Дар минтақаи Аврупо СУТ тавсия медиҳад, ки кишварҳо, хусусан кишварҳои дорои имконоти маҳдуди моддӣ, дар қадами аввал кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолонро эм намоянд. Чунки эмкунии зидди зуком на танҳо худи кормандони соҳаи тандурустӣ, балки оилаҳо ва беморонашонро низ муҳофизат мекунад. Эмкунӣ инчунин эҳтимоли бо сабаби беморӣ ба кор ҳозир нашудани онҳоро коҳиш медиҳад ва ин кор дар шароити пандемия, ки кори хадамоти тандурустӣ бисёр зиёд аст, хеле муҳим аст.

Чизе, ки ба пиронсолон дахл дорад, ин аст, ки зимистони омадаистода онҳоро ду хатар интизор аст: COVID-19 ва зуком — бемориҳое, ки одамони синнашон аз 65 боло онҳоро бо душворӣ мегузаронанд.

 

Инчунин тавре ки СУТ таъкид мекунад, эмкунии занони ҳомила, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва кӯдакони то панҷсола бисёр муҳим аст.

5 октябр дар минтақаи аврупоии СУТ маъракаи огоҳсозии аҳолӣ оид ба хатари зуком ва чораҳои муҳофизат аз он оғоз ёфт.

Мутахассисони СУТ зикр карданд, ки эпидемияҳои зуком зуҳуроти маъмулии мавсимӣ мебошанд ва  соли 2020 онҳо дар пасманзари пандемияи COVID-19 сурат хоҳанд гирифт. Аксари хадамоти соҳаи тандурустӣ аллакай дар ҳудуди ниҳоии имконоти худ фаъолият менамоянд ва барои мубориза бо зуком захира надоранд. Гузашта аз ин, ин ду бемориро танҳо аз рӯи нишонаҳои онҳо фарқ кардан душвор аст ва барои ташхиси дақиқ таҳқиқоти озмоишгоҳӣ зарур аст.

ДАР СУРАТ: эмгузаронӣ — дахшатнок нест. Як сокини хурдакаки Украина дар дармонгоҳ эм карда мешавад. Аксҳо ЮНИСЕФ-Украина

Октябрь 7, 2020 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд