ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2020 аст

Октябрь 15, 2020 08:00

15 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 20 нафар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

***

6 сол пеш, 15 октябри соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ – сармоягузории «Соҳибкорӣ иқтисодиётро таҳрик медиҳад» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон сафар карданд.

15 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯз байналмилалии занони деҳот.

***

Рӯзи байналмилалии дастшӯӣ.

***

Дар Бразилия – Рӯзи муаллим.

РӮЙДОДҲО:

15 октябри соли 2011 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корхонаи коркарди тилло ва мулоқот бо сокинон ба маҳаллаи Шуғноби ноҳияи Ховалинг сафар карданд.

***

15 октябри соли 1666 шоҳи Англия Чарлз II мӯди нав ҷорӣ намуд – ӯ аввалин маротиба камзӯлча ба бар намуд.

***

88 сол муқаддам, 15 октябри соли 1932 ширкати миллии ҳавопаймоии Ҳиндустон«Air-India» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 Чин аввалин кайҳоннаварди худро ба сайёра равон кард.

***

93 сол қабл, 15 октябри соли 1927 дар Иттиҳоди Шӯравӣ меъёри 7-соатаи рӯзи корӣ муқаррар карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Меҳргон барномаҳои фарҳангӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардиданд.

***

Соли 1964 калонтарин қубури нафт дар ҷаҳон- «Дӯстӣ» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Октябрь 15, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш