Забоншиноси маъруфи тоҷик профессор Мукаррама Қосимова аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 02.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар синни 87-солагӣ доктори илмҳои филологӣ ва забоншиноси маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тогҷикистон Мукаррама Қосимова дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Маросими ҷанозаи ӯ соати 11:00 дар назди манзилаш дар Душанбе бо ҳузури мақомоти баландпояи давлатӣ, олимону донишмандон, шогирдон ва наздиконаш баргузор гардида, ҷасадаш дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурда шуд.
Мукаррама Қосимова 16 январи соли 1933 дар шаҳри Конибодом, дар хонаводаи яке аз рӯзноманигорони номвари тоҷик Набӣ Фахрӣ ба дунё омадааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин солҳои 1955—1959 дар аспирантура таҳсил кардааст.
Солҳои 1956—1986 ба ҳайси муаллим, муаллими калон, дотсент, ходими калони илмӣ, профессор, мудири кафедра, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Мукаррама Қосимова устоди чандин насли забоншиносону адабиётшиносон, нависандагону шоирон, рӯзноманигорону таърихнависон маҳсуб меёбад.
Ӯ нахустин доктори илм дар соҳаи забон ва адабиёти тоҷик аз байни занони Тоҷикистон, муаллифи садҳо рисолаву мақолаҳои илмӣ дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, қоидаву меъёрҳо ва рушду такомули он, аз ҷумла китобҳои илмию таълимии «Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ», «Хат ва имлои матни классикӣ» (5 маротиба нашр шудааст), «Таърихи забони адабии тоҷик» (иборат аз ду ҷилд) мебошад, ки дар асари пуарзиши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ба онҳо чун ба сарчашмаҳои боэътимод истинод карда шудааст.
Мукаррама Қосимова аз соли 1982 аввал котиби илмӣ, сипас раиси Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар назди ДМТ( то соли 2012) ва узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.
Бо ибтикори Мукаррама Қосимова Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шуд, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро бар уҳда дошт. Ҳамчунин дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кӯшиши зиёде ба харҷ додааст.
Зери роҳбарии Мукаррама Қосимова 48 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардаанд. Мукаррама Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карда, ба қалами ӯ беш аз 190 номгӯй асар ва интишороти илмӣ тааллуқ доранд.
Барои фаъолияти пурсамари корӣ бо нишони «Мактаби олии СССР. Барои муваффақиятҳои шоиста дар фаъолияти меҳнатӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», медали «Ветерани меҳнат», унвонҳои Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996) ва Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967) сарфароз гардон7ида шудааст.
Хотираи неки устод Мукаррама Қосимова дар дилу дидаи мо, шогирдон абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Аҳли эҷоди АМИТ «Ховар»








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст






