ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 400 иншоот ба истифода дода шуда, 522 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд

Ноябрь 21, 2020 09:55

ВАҲДАТ, 21.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат  барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 610 иншооти гуногунро ба нақша гирифтааст. То имрӯз зиёда  аз 400  иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои 522 нафар сокинони шаҳр ҷои кори доимӣ  пайдо гардид. Дар ин бора  роҳбари дастгоҳи  раиси шаҳри Ваҳдат  Ислом Ҳайдарзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод. 

Соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳри Ваҳдат  60 бинои гуногун  бунёд гардиданд. Аз ҷумла,  5 бунгоҳи тиббӣ,  11 майдончаи варзишӣ, 12 муассисаи таълимӣ, марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва 8 бинои истиқоматии баландошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва саҳми соҳибкорон шаҳраку деҳоти шаҳр зебо гашта, сохтмони  иншооти  муҳими таъйиноташон гуногун, таъмиру навсозии роҳҳо бомаром идома дорад.

Соҳибкори ватанӣ  Абдусамад Нарзиқулов дар маркази шаҳри Ваҳдат бо тарҳи зебову замонавӣ бинои истиқоматии 10-ошёна бунёд намуд, ки он дорои 54 ҳуҷра мебошад. Дар ошёнаи якуми он коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст. Абдусамад Нарзиқулов мегӯяд, ки “ман ифтихор мекунам, ки иншооти ҷашнии бунёднамудаам бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин амал мо-соҳибкоронро  рӯҳбаланд месозад, ки минбаъд низ дар ободии Ватанамон саҳм гузорем”.

Сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҳисси  баланди ватандӯстӣ баҳри ободу  зебо гардонидани шаҳр саъю талош  намуда, кӯшиш доранд то соли 2021  иншооти боқимондаи ҷашниро бунёд созанд. То ҷашни миллӣ пулу роҳҳо навсозӣ шуда, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва ҳаммому кошонаҳои ҳусн дар сатҳи олӣ ба  истифода дода мешаванд.

Ноябрь 21, 2020 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд