ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ Беморхонаи рақамӣ бунёд мешавад

Ноябрь 4, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон бунёди иншооти калонҳаҷми  соҳаи тандурустӣ-бинои Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ бо 300 ҷои қабули беморон дар ноҳияи Қубодиён, Маркази табобати бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар  ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ идома дорад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз бунёд, навсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ — ин баланд бардоштани хизматрасонии босифати тиббӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат мебошад.

Ҳамчунин  дар вилоят сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар сатҳи деҳот вусъати тоза касб намуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилояти Хатлон 115 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва 41 адад муассисаҳои амбулаторию госпиталӣ  фаъолият намуда истоданд.

Ноябрь 4, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст