Ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо мукофотпулӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб маросими қадрдонии ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, варзишгарон ва мухлисони даста баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни маросим ба ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, дар маҷмӯъ ба 25 нафар 37500 сомонӣ, яъне ба ҳар бозингар 1500 сомонӣ ва Сипосномаи раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тақдим карда шуд.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо маҳорату малака ва таҷрибаи худ имсол соҳиби ду ҷоиза – ғолиби Ҷоми Тоҷикистон ва барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум гардид. Соли оянда даста дар Лигаи олии Тоҷикистон ва Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё иштирок мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






